Дастгирии 13 нафар аз унсурҳои амалиётии МОССАД дар Эрон
Вазорати иттилооти Эрон 6 тими амалиётии МОССАД-ро шиносоӣ ва 13 нафар аз унсурҳои амалиётии ин созмони ҷосӯсӣ - террористиро дастгир кард .
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Вазорати иттилооти Эрон пайрави иттилоъияи 22 декабри ин вазоратхона дар хусӯси зарба ба чаҳор тими амалиётии созмони ҷосӯсии террористии МОССАД эълом кард бо муҷоҳидатҳои шабонарӯзии неруҳои амниятии Эрон теъдоди тимҳои шиносоишуда ба 6 тим афзоиш ёфт .
Ин иттилоъия меафзояд дар ин шабакаи террористӣ 23 нафар аз аносири амалиётӣ ва пуштибонии МОССАД дар устонҳои Теҳрон,Исфаҳон, Язд, Озарбойҷони ғарбӣ ва Гулистони Эрон шиносоӣ ва то кунун 13 нафар, ки дар дохили кишвар ҳузур доштанд, дастгир ва таҷҳизоти мухталифи амалиётии онҳо низ кашф ва забт шуд .
Дар иттилоъияи Вазорати иттилооти Эрон омадааст:Саршохаи ин шабака бо номи мустаъори Сирус дар яке аз кишварҳои аврупоӣ иқомат дошта ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Инстаграм ва Ватсап иқдом ба шиносоӣ ва барқарории иртиботи аввалия бо аносири амалиётии дохили кишвар мекард .
Дар иттилоъияи Вазорати иттилооти Эрони тасреҳ шудааст: Тибқи охирин ёфтаҳо созмони ҷосӯсии террористии МОССАД бо ҳадафи баҳрагирӣ аз фазои иғтишошоти ахир дар бархе нуқоти Эрон дар паи террори як мақоми низомӣ ва анҷоми чандин амалиёти харобкорӣ дар шаҳрҳои бузурги кишвар ва низ интиқоли маводи тарканда дар миқёси боло аз марзҳои баҳрии ҷануби Эрон буд, ки кулияи аносири амалиётӣ ва пуштибонӣ пеш аз ҳар иқдоме шиносоӣ ва мавриди зарба қарор гирифтанд .
Вазорати иттилооти Эрон дар ин иттилоъия хотирнишон карда ки бад-ин тартиб ин дуюмин шикасти бузурги иттилоотӣ ва амалиётии режими сохтагии муваққати саҳюнистӣ дар камтар аз 6 моҳи гузашта буд, ки ҳамчун ҳамеша бо посухи қотеъи диловармардони фидокор ва ҳамеша бедори ҳофизи амнияти Ҷумҳурии исломии Эрон мувоҷеҳ шуд .
Бурузи иғтишошоти ахир дар бархе аз шаҳрҳои Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ бори дигар мӯҷиб шуд, то душманони хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон аз он ба унвони фурсате барои мудохила дар умӯри дохилии Эрон ва низ таҳрики ҳар чи бештари ошӯбҳо истифода кунанд .
Бештар бихонед :
- Раиси созмони Басиҷ : 47 созмони ҷосусӣ дар иғтишошот нақш доштанд
-
Лузӯми посухгуии кишварҳои ғарбӣ дар доман задан ба иғтишошоти ахири Эрон