Пешбинии тадовуми рушди иқтисодии Эрон дар 2023 аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ
-
Бар асоси ин гузориш рушди иқтисодии Эрон дар соли мелодии гузашта баробар бо мутавасити рушди иқтисодии ҷаҳон дар ин сол будааст
Бонки Ҷаҳонӣ дар ҷадидтарин гузориши худ рушди иқтисодии Эрон дар соли мелодии гузаштаро 2.9 дарсад баровард ва пешбини кард иқтисоди Эрон дар соли 2023 рушди 2.2 дарсади дошта бошад.
Ба гузориши Ирно, Бонки Ҷаҳонӣ дар ҷадидтарин гузориши худ пешбини кардааст иқтисоди Эрон дар соли 2023 низ рушди 2.3 дарсади дошта бошад ва дар соли 2024 низ рушди 1.9 дарсадиро таҷруба кунад.
Бар асоси ин гузориш рушди иқтисодии Эрон дар соли мелодии гузашта баробар бо мутавасити рушди иқтисодии ҷаҳон дар ин сол будааст.
Иқтисоди ҷаҳонӣ, ки дар соли 2021 бо рушди қобили тавҷӯҳ 5.9 дарсади мувоҷеҳ шуда буд дар соли 2022 натавонист рушти беҳтаре аз 2.9 дарсад дошта бошад.
Бонки Ҷаҳонӣ пешбини кардааст раванди нузури рушди иқтисодии ҷаҳон дар соли 2023 низ идома ёбад ва дар ин сол рушди бештар аз 1.7 дарсад барои иқтисоди дунё пешбинӣ нашудааст.
Бар асоси ин пешбинии Боки Ҷаҳонӣ кишварҳои тавсиа ёфта дар соли 2023 ба рукуди иқтисодӣ наздиктар мешаванд ва рушди фақат 0.5 дарсади дар ин сол хоҳанд дошт. Ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои дар ҳоли тавсиа ҳамчун соли 2022 рушди 3.4 дарсади дар соли ҷории мелодӣ хоҳанд дошт.