Дидори ҷамъе аз маддоҳону шоирони аҳли байт (а) бо Раҳбари муаззами инқилоб
(last modified Thu, 12 Jan 2023 06:51:20 GMT )
Январ 12, 2023 11:51 Asia/Dushanbe
  • Дидори шоирони аҳли байт (а) бо Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон
    Дидори шоирони аҳли байт (а) бо Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон

Дидори ҷамъе аз маддоҳону шоирони аҳли байт алайҳимуссалом бо Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Фардо (ҷумъа), бистуми ҷимодиуссонии соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ солрӯзи валодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а), духтари гиромии паёмбари акрам - ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) ва ҳамсари амири муъминон Алӣ бин Абитолиб (а) аст.

Ба ҳамин муносибат ва ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дидори ҷамъе аз маддоҳону шоирони аҳли байт алайҳимуссалом бо Раҳбари инқилоби исломӣ дар остонаи хуҷастаи солрӯзи валодат босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳу алайҳо дар ҳоли баргузорӣ аст.

Хабари такмилӣ пас аз дарёфт аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мунташир хоҳад шуд.