Бориши барфу борон дар Эрон шиддат мегирад
(last modified Fri, 13 Jan 2023 13:14:45 GMT )
Январ 13, 2023 18:14 Asia/Dushanbe
  • Бориши барфу борон дар манотиқи гармсери Эрон
    Бориши барфу борон дар манотиқи гармсери Эрон

Раиси Маркази миллии пешбинӣ ва мудирияти буҳрони мухотироти вазъи ҳавоӣ дар Эрон бо ишора ба ҳушдори ҳавошиносӣ дар бораи такрори 7 хатари ҷав дар кишвар гуфт, бориши барфу борон ташдид мешавад.

Ба гузориши хабарнигори Хабаргузории садо ва симо, Содиқ Зиёиён бо ишора ба судури ҳушдори сатҳи норанҷии ҷадид дар бораи вуқуи ҳаддиақали ҳафт мухотираи ҷавӣ дар бархе устонҳои ғарбӣ ва марказӣ гуфт: Бар асоси ин ҳушдор, сомонаи боришии рӯзи шанбе дар устонҳои Элом, ҷануби Куҳгилӯя ва Бойираҳмад, шимоли ғарби Форс, шарқи Хузистон, Бушеҳр ва ҷануби Кирмоншоҳ бо мухотироте назири бориши барф ё борон дар манотиқи гармсер, ҳамроҳ бо раъду барқ, вазиши боди шадиди муваққат ва коҳиши нисбии ҳарорат ташдид мешавад.

Зиёиён афзуд: Ҳамчунин дар ҳамин рӯз фаъолияти сомона дар устонҳои Луристон, Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ, шимоли шарқи Хузистон, марказӣ, Ҳамадон, ҷануби Курдистон, ҷанубу ғарби Исфаҳон, шимоли Куҳгилӯя ва Бойираҳмад ва иртифооту домана дар нимаи ғарбии Форс бо бориши барф, гоҳе ҳамроҳ бо кулоки барф ё рухдоди меҳ идома меёбад.

Раиси Маркази миллии пешбинӣ ва мудирияти буҳрони мухотироти вазъи ҳавои Эрон идома дод, ин шароит осори мухотираомезе ҳамчун обгирифтагии маобири умумӣ, ихтилол дар сафарҳои байнишаҳриву дохили шаҳр, ихтилол дар фаъолиятҳои умронӣ, селобӣ шудани рӯдхонаҳову селҳо, боло омадани ногаҳонии сатҳи оби рӯдхонаҳо, эҳтимоли соиқа, таъхир ва эҳтимоли лағви парвозҳо, хисорат ба санъати кишоварзӣ ва ихтилол дар интиқоли манобеи энержӣ, ба вижа барқу газ дар пай дорад.