Эрон,дӯсти рӯзҳои сахти Лубнон
Вазири умӯри хориҷаи Эрон бо эъломи омодагии Ҷумҳурии исломӣ барои ҳамкорӣ бо Лубнон дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва энержӣ гуфт: Теҳрон, дӯсти рӯзҳои сахти Бейрут боқӣ хоҳад монд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон ҷумъашаб дар дидори ҷамъе аз нухбагону шахсиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, расонаӣ,донишгоҳӣ ва иҷтимоии Лубнон дар Бейрут бо баёни инки Лубнон аз мушкилоти иқтисодӣ ва камбуди сухту энержӣ ранҷ мебарад, афзуд: Эрон омодагӣ дорад дар заминаҳои иқтисодӣ ، тиҷорӣу энержӣ бо Лубнон ҳамкорӣ кунад .
Амирабдуллоҳиён ибрози умедворӣ кард раванди сиёсӣ дар Лубнон бо интихоби раиси ҷумҳӯр ва ташкили давлати ҷадид комил ва замина барои тақвияти равобити дуҷониба ва низ сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Лубнон фароҳам шавад .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба сиёсатҳои мухарриби Амрико дар минтақаи ғарби Осиё гуфт: Дар замони ҷанги 33 рӯза суҳбат аз Ховари Миёнаи ҷадид ва баъд Ховари Миёнаи бузургу баъд бузургтар бо ҳадафи решакании муқовимат буд .
Амирабдуллоҳиён бо баёни инки бар асоси иттилооти дақиқ имрӯз муқовимат беҳтарин шароитро дар Лубнон ва Фаластин дорад, таъкид кард: Эрон ҳамон гуна, ки аз муқовимати шиъа ҳимоят кард, аз муқовимати суннӣ ҳам дар Лубнону Сурия ҳимоят кард ва мекунад .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин дар хусӯси таҳаввулоти Яману Украина изҳор кард: Ҷанг дар Яману Украина бояд поён ёбад ва гуфтугу ҷойгузини ҷанг шавад .
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки бино ба даъвати ҳамтои лубнонӣ панҷшанбешаб вориди Бейрут шуд, рӯзи ҷумъа бо мақомоти лубнонӣ аз ҷумла нахуствазир, вазири хориҷа ва раиси Маҷлис ва дабири кулли Ҳизбуллоҳ дидору гуфтугу кард.
Амирабдуллоҳиён қарор аст дар мақсади дувуми ин сафар ба Димишқ биравад.
Бештар бихонед :