Январ 14, 2023 20:54 Asia/Dushanbe
  • Нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон як нерӯи боздоранда аст

Фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, имрӯз нерӯи заминии артиш бо қудрати ягонҳои зиреҳӣ, тӯпхона, паҳпод, ҷангҳои электронӣ ва ҳавонирӯз ба унвони як нерӯи боздоранда шинохта мешавад.

Генерал Каюмарси Ҳайдарӣ, фармондеҳи нерӯи заминии артиш, гуфт, вазифаи аслии нерӯи заминии артиш, барқарории амният дар марзҳои Эрони исломӣ аст.

Вай афзуд, бо вуҷӯди тамоми таҳдидот, бо амал ба манвиёти фармондеҳи муаззами кулли қуво ва иртиқои сатҳи омодагии нерӯи заминӣ, тавонистаем ба дараҷае аз боздорандагӣ даст ёбем то тавтеаҳои душманон бо шикаст мувоҷеҳ шавад.

Генерал Каюмарси Ҳайдарӣ ҳамчунин гуфт, ҳузури муассири нерӯи заминии артиш дар марзҳои кишвар ва барқарории амният дар нуқоти мухталифи марзӣ, нишон аз омодагии размӣ ва тавони дифоии ин неруро дорад.

 

Барчасп