Январ 16, 2023 10:53 Asia/Dushanbe
  • Маҳдии Торомӣ ситораи эронии Порту дар дақиқаи 48 барои чаҳоруминбор дарвозаи Фамаликао  боз кард
    Маҳдии Торомӣ ситораи эронии Порту дар дақиқаи 48 барои чаҳоруминбор дарвозаи Фамаликао боз кард

Тими футболи Портуи Партугалия дар шаб, дурахшиши муҳоҷими эронӣ тавонист бурди муҳимеро муқобили Фамаликао касб кунад.

Ба гузориши Ирно, дар яке аз муҳимтарин дидорҳои ҳафтаи шонздаҳуми лиги бартари футболи Партугалия тими футболи Порту дар дидори хонагӣ мизбони Фамаликао буд, ки дар ниҳоят муваффақ шуд бо натиҷаи 4 бар 1 меҳмонашро дар ҳам бикубад.

Тими футболи Порту барои мондан дар курсии қаҳрамонӣ ба се имтиёзи ин ҷадвал ниёз мубрам доштанд ва аз тарафи тими меҳмон ҳам барои ин, ки аз маҳватаи хатар хориҷ шавад, дунболи имтиёз гирфтан аз ин дидор буд.

Порту дар ҳамон 20 дақиқаи аввал бо ду голи Галено санади бартариашро имзо кард:  Отавио низ дар дақиқаи 42 голи саввуми тимашро вориди дарвозаи меҳмон кард.

Ин раванди голзани дар нимаи дуввум ҳам идома дошт ва Маҳдии Торомӣ ситораи эронии Порту дар дақиқаи 48 барои чаҳоруминбор дарвозаи Фамаликао  боз кард.

Ҳарчан ҳариф танҳо яке аз голҳои хурдаро ҷуброн кард вале Порту аз ин дидори муҳим ҳам се имтиёзро касб кард.

Ёрони Торомӣ 36 имтиёзи шуданд ва ихтилофи 4 имтиёз нисбат ба Бенфика садрнишгин дар раддаи саввуми ҷадвал монаданд.

 Фамаликао ҳам бо 17 имтиёз дар раддаи сездаҳуми ҷадвал ҷоё дорад.

Барчасп