Январ 17, 2023 20:08 Asia/Dushanbe
  • Эрону Русия дар масири тавофуқоти роҳбурдӣ
    Эрону Русия дар масири тавофуқоти роҳбурдӣ

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Русия дар масири тавофуқоти роҳбурдӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи сешанбе дар дидор бо Игор Левитин, дастёри раиси ҷумҳурии Русия бо ишора ба равобити рӯ ба тавсеаи ду кишвар, ифои нақши мукаммили Эрону Русия дар бозорҳои энержии ҷаҳонӣ ва транзити онро ҳоизи аҳамият ва зарурӣ донист.

Вай хотирнишон кард, бо иродаи ҷиддӣ ва талоши идомадори масъулини ду кишвар, ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Русия дар масири тавофуқоти роҳбурдӣ аст.

 

Барчасп