Январ 19, 2023 19:21 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Ҷумҳурии исломии Эрон барои расидан ба нуқтаи поёнии тавофуқи ҳастаӣ омодагӣ дорад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон барои расидан ба нуқтаи поёнии тавофуқи ҳастаӣ бидуни пешшарт омодагӣ дорад, то дар чорчуби гуфтугуҳое, ки дар гузашта анҷом шудааст, гоми ниҳоӣ бардошта шавад .

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугу бо шабакаи телевизиюнии " ТРТ"-и Туркия дар бораи тӯлонӣ шудани музокироти тавофуқи ҳастаӣ ва рафъи таҳримҳо афзуд : Аз як тарафи амрикоиҳо ба Эрон паём доданд, ки омода бардоштани гомҳои ниҳоии тавофуқ ҳастанд, аз тарафи дигар ба тазоҳуркунандагон дар Эрон паём медоданд, ки авлавият барои онон Барҷом нест, балки шароити Эрон ва иғтишошот аст.
Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон дар бораи бархе нооромиҳо дар Эрон, ки аз сентябри гузашта шакл гирифт, гуфт : Муттаассифона дар моҳҳои гузашта иттифоқоте дар паи фавти як духтари эронӣ рух дод, ки бо мудохилоти хориҷӣ тазоҳуроти мусолиматомез ба суръати вориди хушунат шуд ва муттаассифона бархе расонаҳои мустақар дар Лондон ва бархе кишварҳои дигар занону ҷавонони эрониро ба иғтишош, ошӯб, куштани полис таҳрик карданд. Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон афзуд : Амрикоиҳо ва ба таври мушаххас Олмон, Фаронса ва Англия саъй карданд ба иғтишош дар Эрон доман бизананд ; онҳо ба дунболи аҳдофи сиёсии худ буданд ва бахше аз ҳадафашон тазъиф ва бесуботсозии Эрон ва бахши дигар аз ҳадафи онҳо имтиёзгирӣ бар сари мизи музокироти барҷомӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон буд, аммо хеле зуд мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ин таҳрикот наметавонад дастоварди барояшон ба ҳамроҳ дошта бошад.

 

Барчасп