Январ 21, 2023 10:50 Asia/Dushanbe
  •  Тамҷиди раиси Федерасиюни ҳандболи Испания аз намоиши Эрон дар қаҳрамонии ҷаҳон

Раиси федерасиюни ҳандболи Испания аз намоиши тими миллии ҳандболи Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон тамҷид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси Федерасиюни ҳандболи Эрон бо раисони федерасиюнҳои ҳандболи Испания ва Аргентина дидору гуфтугӯ кард .
Бисту ҳаштумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии ҳандболи ҷаҳони мардон аз 11 то 29 январ ба мизбонии муштараки ду кишвари Полша ва Шветсия бо ҳузури 32 тим дар ҳоли баргузорӣ аст .
Тими миллии ҳандболи Эрон бо намойиши таҳсинбарангез дар мусобиқоти ҷаҳонӣ муваффақ шуд барои аввалин бор аз марҳилаи гуруҳӣ ба ҳазфӣ роҳ ёбад.
Ба гузориши Федерасиюни ҳандболи Эрон, Алиризо Покдил-раиси Федерасиюни ҳандболи Эрон ва  Франсиска Гарсия-раиси Федерасиюни ҳандболи Испания дар ҳошияи баргузории рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳони 2023 бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд ва заминаҳои тавсеаи ҳамкории муштарак дар риштаи ҳандболро мавриди баррасӣ қарор доданд .
Франсиска Гарсия-раиси Федерасиюни ҳандболи Испания дар ин дидор бо баёни инки намоиши Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон ӯро ба ваҷд оварда, гуфт : Тими миллии Эрон нисбат ба давраи қаблии рақобатҳои ҷаҳонӣ, ки дар он ҳузур дошта пешрафти чашмгире кардааст ва ин иттифоқ нишон аз рушди ҳандболи Эрон дорад .
Раиси федерасиюни ҳандболи Эрон низ дар ин дидор гуфт : Аз баргузории дидорҳои тадорукотӣ ҳам дар бахши мардон ва ҳам дар бахши занон бо тимҳои миллии ҳандболи Испания истиқбол мекунем .
Ҳамчунин Карлос Габраил Фрира-раиси Федерасиюни ҳандболи Аргентина низ дар ин дидор аз тамоюл ба баргузории дидорҳои дӯстона бо тимҳои ҳандболи Эрон ба вижа дар бахши соҳилӣ хабар дод .

 

Барчасп