Январ 21, 2023 12:42 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонӣ аз ҳафт бонӯи барҷаста дар Конгресси байналмиллалии занони таъсиргузор

Конгресси байналмиллалии занони таъсиргузор дар Теҳрон баргузор ва аз ҳафт бонӯи барҷаставу таъсиргузор аз кишварҳои мухталиф бо эҳдои ҷоиза қадрдонӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,нахустин ҷоизаи хориҷӣ ба хонуми Лии-муҳаққиқи барҷастаи ҳавзаи кимиё ва устоди донишгоҳи Тайланд таъаллуқ гирифт .
Ҷоизаи дувум ба Суда Ғафурифард- доктори генетики пизишкӣ аз Эрон эҳдо шуд .
Хонуми Алина аз бонувони барҷастаи Русия, хонуми Заҳро Имомҷумъа аз донишмандони эронӣ, хонуми Мерия Бетриз Юнус аз Аргентина, Мужгони Зандӣ из Эран ва Панабе Шиами аз Чин ҳам нафароти баъдӣ буданд, ки мавриди тақдир қарор гирифтанд . Ҳамсари нахуствазири Арманистон, ҳамсари нахуствазири Буркина Фасо,бонӯи аввали Қирғизистон, ҳамсари раиси Ҷумҳурии Сербия ва Ҷамиласодоти Алламулҳудо-ҳамсари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои эҳдои ҷавоиз рӯйи ҷойгоҳ қарор гирифтанд ва Зайнаб Насруллоҳ-духтари Сайидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон низ меҳмони вижаи ин маросим буд.
Гуфтанӣ аст нахустин Конгресси байналмиллалии бонувони таъсиргузор рӯзи ҷумъа дар толори иҷлоси сарони Теҳрон бо истиқболи расмии Инсия Хазъалӣ-муовини умӯри занону хонаводаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳамсарони руасои давлатҳои кишварҳои мухталиф оғоз шуд.
Дар ин конгресс 300 меҳмони хориҷӣ аз ҷумлаи 70 нафар аз мақомоту фаъолони зани ҳавзаҳои мухталиф иборат аз вазирон, муовинони раиси ҷумҳӯр ва намояндагони маҷлис ба Эрон омадаанд, то бидӯни таблиғоти расонаҳои ғарбӣ садои занони Эрониро бишнаванд.

 

Барчасп