Раисӣ: Беш аз 90 дарсади доруҳо дар дохили Эрон тавлид мешавад
Раиси Ҷумуҳрии Исломии Эрон таъкид кард: Беш аз 90 дарсади доруҳо дар дохили Эрон тавлид мешавад.
Раиси ҷумҳур бо ишора ба дастовардҳои Эрон дар бахшҳои пизишки ба вижа тавлиди 90 дарсади доруҳои мавриди ниёз дар дохили кишвар ва тавонманди дар тавлид ва содироти ваксина гуфт: Бояд марҷаъияти илмии кишварро ҳифз кунем ва иртиқо диҳем ва ба афзоиши баҳравари дар ин замина фикр кунем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раисӣ имруз душанбе дар бистуҳаштумин ҷашнвораи таҳқиқот ва фановарии улуми пизишкии Рози, ки дар салони иҷлоси сарон баргузор шуд афзуд: Аз пажуҳишгарон ва муҳақиқоне, ки дар тавлиди ифтихор офариданд қадрдони мекунем.
Дар ин ҷашнвора баргузидагони бистуҳаштумин ҷашнвораи таҳқиқот ва фанорваии улуми пизишкии Рози дар ду бахши муҳақиқони ҳақиқи ва маҷмуъаҳои ҳақиқи мавриди таҷлил қарор гирифтанд.
Раиси ҷумҳур бо ишора ба дидораш бо Антониу Гутерриш дабири кулли Созмони Милал дар ҳошияи маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт: Вай дар он мулоқот чандин бор узурхоҳи кард, ки талош кард то битавонад монеъи таҳримҳои доруӣ ба Эрон шавад, аммо мувафақ нашуда аст.
Раисӣ ҳамчунин гуфт: Ба дабири кулли Созмони Милал таъкид кардам имруз илова бар ин ки беш аз 70 дарсади мардуми Эрон дар баробари корона ваксина шуданд мутахасисони эронӣ низ мувафақ шуданд 6 маҳсул тавлид кунанд ва дигар воридкунандаи ваксина нестем.
Раиси ҷумҳури хотирнишон кард: Донишмандони эронӣ шабонаруз талош карданд, ки ин ифтихорро барои кишвар ба сабт бирасонанд ва яке аз тавлидкунандагони ваксина дар ҷаҳон бошем.