Қолибоф : Шведсия наметавонад исломҳаросии ошкорро пушти ниқоби дуруғини озодӣ махфӣ кунад
(last modified Tue, 24 Jan 2023 06:51:11 GMT )
Январ 24, 2023 11:51 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф : Шведсия наметавонад исломҳаросии ошкорро пушти ниқоби дуруғини озодӣ махфӣ кунад

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо маҳкум кардани беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар Шветсия гуфт: Сиёсатмадорони шветсиявӣ наметавонанд исломҳаросии ошкору тарроҳишударо пушти ниқоби дуруғини озодии баён пинҳон кунанд.

Теъдоде аз гуруҳҳои ифротӣ дар иқдоми ҳаттокона иқдом ба оташ задани Қуръони Карим муқобили сафорати Туркия дар Стокголм карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар оғози ҷаласаи алании рӯзи сешанбеи маҷлис изҳор кард ин қабил иқдомоту ҷасорат ба муқаддасоти динӣ, эҳсосоти мусулмонон ва муваҳҳидони саросари ҷаҳонро ҷариҳадор кардааст ва сиёсатмадорон шведсиявӣ наметавонанд ин исломҳаросии ошкору тарроҳишударо пушти ниқоби дуруғини озодии баён пинҳон кунанд.
Қолибоф ҳамчунин бо ишора ба сафари ҳайати порлумонии Русия ба Эрон гуфт: Равобити Ҷумҳурии исломии Эрону Русия ба далоили мухталиф аз ҷумла ҳамсоягии баҳри Хазар ва дағдағаҳову муштаракоти минтақаӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои муштараки байналмилалӣ аз аҳамияти болое бархӯрдор аст .
Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон тасреҳ кард порлумонҳои Эрону Русия бояд талош кунанд бо баргузории нишастҳои амалиётии мустамар ва бо тасҳилгарӣ аз буъди тадвини қавонин ва назорат барои ҳаракати беҳтари давлатҳо ва барои кумак ба беҳбӯди кайфияти зиндагии мардум иқдом кунанд .
Қолибоф ҳамчунин бо ишора ба ҳамкориҳои пӯлӣ ва бонкӣ миёни Эрону Русия изҳор кард ду кишвар бояд битавонанд дар табодули байни рублу риёл ва ҳамчунин масоили иртиботии байни ду бонки марказӣ иқдомоте анҷом диҳанд .
Эрону Русия дар заминаҳои дуҷониба ба вижа равобити иқтисодӣ,низомӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ ҳамонанди муқобила бо якҷонибагароии Амрико, иштироки манофии роҳбурдӣ доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир будааст .

Бештар бихонед :