Амир Абдуллоҳиён: Гурӯҳи D8 як созу кори муфиди минтақаӣ аст
(last modified Wed, 25 Jan 2023 07:37:13 GMT )
Январ 25, 2023 12:37 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Гурӯҳи D8 як созу кори муфиди минтақаӣ аст
    Амир Абдуллоҳиён: Гурӯҳи D8 як созу кори муфиди минтақаӣ аст

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон, гурӯҳи D8-ро як созу кори муфиди минтақаӣ тавсиа кард.

Гурӯҳи ҳашт кишвари исломии дар ҳоли тавсиа  бо номи ихтисории гурӯҳи D8  гурӯҳи  муташакил аз ҳашт кишвар дар ҳоли тавсиаи исломӣ, Эрон, Туркия, Покистон, Бангладеш, Инданезия, Малазия, Миср ва Нигерия аст.

Ин гурӯҳ дар 15-уми  июни 1998 ( 25-уми хурдоди 1376) ба пешниҳоди Наҷмиддини Арбакон( Раҳбари ҳизби исломгарои рифоҳ ва нахуствазири Туркия) бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узв ташкил шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи нишасти вузарои хориҷаи Созмони Ҳамкории Иқтисодии ЭКО дар Тошкенд пойтахти Узбекистон ва дар дидори Дабири кулли D8, ин гурӯҳро як созу кори муфиди минтақаӣ тавсиъа кард.

Дабири кулли D8 дар ин дидор гузорише аз амалкарди ин Созмон ироа кард ва зимни ишора ба нақши муассири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар таҳаввулот ва таъомулоти даруни сохмонӣ, хостори баргузории нишасти вузарои энержии кишварҳои узви D8 шуд.

Амир Абдуллоҳиён зимни ташаккур аз гузориши ироа шуда, изҳор дошт: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз фаъолиятҳо ва ҳамкориҳои  билфеъл ва билқувваи ин Созмон ба таври комил ҳимоят хоҳад кард.