Амирабдуллоҳиён : Мавозиъи Фаронса дар ташвиқи иғтишош дар Эрон ғайридӯстона аст
Вазири умӯри хориҷаи Эрон мавозиъи Фаронса дар ташвиқи иғтишош дар Эронро ғайридӯстона хонд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён- вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо « Катрин Колонна-вазири хориҷаи Фаронса мавозиъи фаронса дар ташвиқи иғтишош дар Эронро ғайридӯстона хонд ва бо интиқод аз изҳороти мудохилаҷӯёнаи бархе мақомоти Фаронса гуфт : Теҳрон ҳамвора масири музокираву дипломасиро тарҷеҳ медиҳад, аммо ҳамон гуна ки шоҳидед дар рӯйкарди тақобулӣ иқдоми мо низ фаврӣ, муассир ва мутақобил аст.
Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон зимни интиқод аз мавозиъу иқдомоти ғайрисозандаи Порлумони Аврупо дар қиболи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни инки Сипоҳи посдорон ҳофизи амнияти миллии Эрон аст ва нақши муҳимме дар ҳифзи амнияти минтақа ва муборизаи воқеӣ бо тероризм дорад, афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон ба диққат рафтори Иттиҳодияи Аврупоро таҳти назар дошта ва мутаносиб бо он гомҳои баъдии худро танзим хоҳад кард .
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин иқдоми ношоисту тавҳиномези як нашрияи фаронсавӣ дар таъарруз ба муқаддасоти динӣ ва иҳонат ба Қуръони Каримро маҳкум кард ва бо таъкид бар зарурати тамаркуз бар гуфтугӯ ва таъомул афзуд : Сиёсати шикастхурдаи таҳримии Трампро такрор накунед, мо низ имрӯз ( чаҳоршанбе ) феҳристи таҳримии ҷадиде зидди Иттиҳодияи Аврупо ва Англия, ки дарбаргирандаи 33 мақому ниҳоди аврупоӣ астро дар иқдоми мутақобил эълом кардем.
Вазири умӯри хориҷаи Фаронса низ дар ин дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар аҳамияти равобити Теҳрон ва Порис гуфт : Фаронса ҳеҷ дахолате дар умӯри Эрон надоштааст .
Колонна бо таъкид бар аҳамияти ҳифзи муносиботи ду кишвар бар тақвияти он аз масири гуфтугӯ таъкид кард ва хостори озодии зиндониёни Фаронса шуд .
Дар ин гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти ҳамкориҳои консулӣ низ баррасӣ шуд.