Декабр 14, 2016 14:53 Asia/Dushanbe
  • Намоде аз иттиҳоди муслимин дар нишасти байналмилалии имом Ризо (а) дар Машҳад

Нишасти байналмилалии "Имом Ризо алайҳиссалом, рамзи ваҳдат ва эътилофи уммати исломӣ" бо ҳузури ҷамъе аз андешмандон ва уламои аҳли суннат ва шиаи дохилӣ ва хориҷӣ дар маҳалли Бунёди пажуҳишҳои исломии остони Қудси Разавӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дабири илмии ин ҳамоиш гуфт: Баргузории нишасти байналмилалии имом Ризо (а) рамзи ваҳдат ва эътилофи уммати исломӣ аст.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҳасани Замонӣ афзуд: Дар маросими ифтитоҳияи ин ҳамоиш, васии остони Қудси Разавӣ, Мавлавии Ҷомии Алаҳмадӣ, имомҷумъаи аҳли суннати Турбати Ҷом, доктор Шайх Тоҷиддин Абдуллоҳи Алҳилолӣ, узви Шӯрои олии Дорултақриби Миср ва муфтии собиқи Австралия, Шайх Ҳисон Абдуллоҳ, раиси Маҷмаи уламои муслимини Лубнон ва Мавлавии Абдулраҳмони Мулозиҳӣ, имомҷумъаи аҳли суннати Чобаҳор суханронӣ карданд .

Вай идома дод: Дар ин ҳамандешӣ муҳри чаҳор нафар аз уламои шаҳиди ваҳдати байни мазоҳиб аз ҷумла доктор Муҳаммад Саиди Рамазон Албутӣ, Мамусто Шайхулислом, Оятуллоҳ Муҳаммад Боқири Ҳаким ва Ориф Ҳусайн Алҳусайнӣ рӯнамоӣ ва аз хонаводаҳои онон таҷлил шуд .

Замонӣ гуфт: Баргузории нишасти илмӣ бо ҳузури шахсиятҳои аҳли суннат назири доктор Катамту, Иброҳими Сурхобӣ, Заатрӣ, Фозилӣ, Холидӣ, Мунир Қабтанӣ, Билол Шаъбон, ҳамчунин мизигирд ва суханронии раиси Маҷмаултақриби мазоҳиби исломӣ Оятуллоҳ Арокӣ дар ихтитомия аз дигар барномаҳои ин ҳамандешии як рӯза буд .

Дар ин ҳамоиш андешмандоне аз кишварҳои исломӣ аз ҷумла Миср, Лубнон, Афғонистон, Индонезия, Тунис, Фаластин, Афғонистон, Ироқ ва Покистон ҳузур доштанд.