Январ 30, 2023 10:02 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Пентагон: Вашингтон дар амалиёти Исфаҳон нақше надоштааст
    Иддаои Пентагон: Вашингтон дар амалиёти Исфаҳон нақше надоштааст

Сухангӯи Вазорати дифои Амрико иддао кард, ҳеҷ нерӯи низоми амрикоӣ дар ҳамлаи паҳподи ба Исфаҳон ширкат накардааст.

Ба гузориши Ирно, Потрик Ройдер якшанбе шаб таъкид кард, ки ҳеҷ нерӯи низомии Амрикоӣ дар ҳамлаи паҳподи ба Исфаҳон ширкат накардааст аммо аз изҳороти назари бештар дар ин бора худдорӣ кард.

Изҳороти Ройдер дар ҳоле аст, ки рӯзномаи Валл Стреет Журнол рӯзи якшанбе навишт, мақомҳои амрикоӣ зимни радди дахолати ин кишвар дар ҳамлаи паҳподи (номуваффақ) шомгоҳи шанбе ба яке аз коргоҳҳои Вазорати дифоъ дар Исфаҳон гуфтаанд, ки режими саҳюнистӣ масъули ин амалиёт будааст.

Ин рӯзнома ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ навишт, ки ҳадафи ин ҳамла, маҳдуд ва маҳорат кардани барномаҳои ҳастаӣ ва низомии Эрон будааст.

Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон эълом кард, шомгоҳи шанбе яке аз муҷтамаъҳои коргоҳи Вазорати дифоъ дар Исфаҳон мавриди ҳамлаи номуваффақи резпарандаҳо қарор гирифт, ки яке аз онҳо бо исобати падофанди ҳавоии маҷмаъ ва ду фарванди дигар дар талаҳои падофанди гирифтор ва мунфаҷир шуданд.

Барчасп