Феврал 02, 2023 18:13 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Миллати Эрон ҳамвора душманони инқилобро маъюс мекунанд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузури мардум дар арсаҳои мухталифро муҷиби яъсу ноумедии душманони Эрони исломӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Саидоброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз (панҷшанбе) дар дидори аъзои « Ситоди марказии даҳаи фаҷри инқилоби исломӣ » бо табрики валодати Имоми Ҷавод ( ъ ), валодати амиралмуъминин Алӣ ( ъ ) ва фаро расидани даҳаи мубораки Фаҷр, гуфт : Мардуми басиру огоҳи Эрони исломӣ дар арсаҳои мухталиф ва аз ҷумлаи маросим 13 обон имсол, ки мутафовит аз ҳамаи 13 обонҳои гузашта буд, нишон доданд ки ҳар ҷо эҳсос кунанд инқилоб ва низом дар маърази таҳдид аст, дар дифо аз инқилобу низом пештоз ҳастанд.
 

 

Барчасп