Амирабдуллоҳиён: Миллати Эрон ҳамеша дар муқобили зиёдахоҳиҳои Амрико истодагӣ кардааст
(last modified Fri, 03 Feb 2023 13:10:36 GMT )
Феврал 03, 2023 18:10 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Миллати Эрон ҳамеша дар муқобили зиёдахоҳиҳои Амрико истодагӣ кардааст

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо раисиҷумҳури Никарагуа таъкид кард, миллати Эрон ҳамеша дар муқобили зиёдахоҳиҳои Амрико истодагӣ кардааст.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умурхориҷаи Эрон, дар садри ҳайате сиёсӣ ба манзури дидору гуфтугу бо мақомоти Никарагуа бомдоди панҷшанбе вориди фурудгоҳи Манагуа пойтахти Никарагуа шуд ва мавриди истиқболи вазири умури хориҷа ва дастёри раисиҷумҳури Никарагуа қарор гирифт.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо Даниел Ортега, раисиҷумҳури Никарагуа ба зиёдхоҳиҳои Амрико дар чанд соли ахир ишора кард ва гуфт, таҳримҳои Амрико мушкилоти бузургеро барои Эрон эҷод кард, аммо иттико ба тавони дохилӣ дар ҳавзаҳои илмӣ ва мухталиф, Эронро дар зумраи кишварҳои тавсеа ёфта ва пешрафта қарор дод.

Ба гузориши ИРНА, Амирабдуллоҳиён дар ин дидор афзуд, ҳамвора бар инки Никарагуа дар баробари империализм муқовимат кардааст ва меҷанганд, меболем.

Даниел Ортега, низ дар ин дидор гуфт, душмани муштарак доштем, душмане, ки Эрон бо он дар соли 1979 мубориза кард, ҳамон душмане аст, ки дар Никарагуа бо он мубориза кардем ва дар ҳамон сол шикаст додем.

Вай афзуд, душманони сулҳу оромиши ҷаҳонӣ киштиҳои нафткаши Эрон ба Венесуэларо таҳдид мекарданд, аммо давлати Эрон ҳеҷвақт ақиб нанишаст ва ҳамчунон ҳамкории дӯстонаи худро бо Венесуэла идома дод.

Даниел Ортега ҳамчунин гуфт, султаи империализм дигар беш аз ин наметавонад дар дунё идома пайдо кунад ва неруҳои ҷадиде дар ҳоли зуҳӯр ҳастанд.