Феврал 06, 2023 10:54 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳиён Ҳаванро ба мақсади Теҳрон тарк кард
    Абдуллоҳиён Ҳаванро ба мақсади Теҳрон тарк кард

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон, ки рӯзи якшанбе вориди Куба шуда буд, якшанбе шаб Ҳаванро ба мақсади Теҳарон тарк кард.

Ба гузориши Ирно, Амир Абдуллоҳиён, дар Твиттер зимни ишора ба дидор ва гуфтугӯи худ бо мақомоти Никарагуа, Венесуэла ва Куба тасреҳ кард, терроризми иқтисодӣ дар кишварҳои мустақил беасар  шудааст.

Амир Абдуллоҳиён дар ин Твиттер навишт: Дар Никарагуа, Венесуэла ва Куба ва дидор бо мақомоти Олӣ, ҳамбастагии кившарҳои мустақил ва стратежикии Ғарби Осиё ва Амрикои Лотин мавриди таъкид буд.

Вай афзӯд: Терроризми иқтисодӣ ва истифодаи абзорӣ аз ҳуқуқи башар бо ҳадафи эҷоди фишори иҷтимоъӣ дар баданаи мардум дар кишварҳои мустақил беасар шудааст.

Амир Абдуллоҳиён тасреҳ кард: Якҷонибагароӣ ба бунбаст расидааст.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён рӯзи сешанбе 31-уми январ Теҳронро  ба мақсади Нуакшот   пойтахти Мауритания тарк кард ва сипас аввали феврал барои дидор бо мақомоти Никарагуа ба ин кишвар сафар кард.

Амир Абдуллоҳиён дар ҷараёни сафар ба Амрикои Лотин саввуми феврал озими Венесуэла ва сипас чаҳоруми феврал вориди Ҳавана пойтахти Куба шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп