Афзоиши талафоти заминларза: Паёмҳои таслиятии Раисӣ барои руасои Ҷумҳӯрии Туркия ва Сурия
(last modified Mon, 06 Feb 2023 10:21:10 GMT )
Феврал 06, 2023 15:21 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши талафоти заминларза: Паёмҳои таслиятии Раисӣ барои руасои Ҷумҳӯрии Туркия ва Сурия
    Афзоиши талафоти заминларза: Паёмҳои таслиятии Раисӣ барои руасои Ҷумҳӯрии Туркия ва Сурия

Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, дар паёмҳои ҷудогонае вуқуъӣ ҳодисаи дилхароши заминларза дар ду кишвари дӯст ва бародар Сурия ва Туркияро ба руасои ҷумҳӯр ва мардуми ду кишвар таслият гуфт.

"Сайид Иброҳими Раисӣ" раисҷумҳӯр, имрӯз (душанбе) дар паёмҳои ҷудогонае вуқуъи ҳодисаи дилхароши заминларза дар ду кишвари дуст ва бародар Туркия ва Сурияро ба руасои ҷумҳӯр ва мардуми ду кишвар таслият гуфт ва омодагии Эрон барои ироаи кумакҳои  имдодии фавриро эълом кард.

Заминларзае ба бузургии 7.7 риштарӣ имрӯз чандин устон дар ҷануби Туркия ҳаммарз бо Сурияро ба ларза даровард ва дар ду кишвар талафот ва хисороти молии сангин барҷой гузоштааст.

Бар асоси охирин омор, шумори талафот дар ин заминларза дар Туркия 284 нафар ва дар Сурия ба 427 нафар ва шумори захмиҳо дар Сурия 639  ва дар Туркия 2323 нафар расидааст.

Ба гузориш пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳӯрӣ, Сайид Иброҳи Раисӣ дар паёмҳои ҷудогонае ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Башор Асад руасои ҷумҳӯрии Туркия ва Сурия, вуқӯъи ҳодисаи дилхароши зилзила  дар ду кишваро, ки ба ҷон бохтан ва масмум шудани ҷамъи қобили таваҷҷӯҳ аз шаҳрвандони онҳо ва ҳам чунин боиси  ворид омадани хисороти бисёр зиёд шудааст, ба давлатҳо  ва мардуми ин кишвар таслият гуфт.

Раиси Ҷумҳӯри Эрон ҳам чунин омодагии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои ироаи кумакҳои имдодии фаври ба ин ду миллати дустро дар шароити ногувори феълӣ эълом кард.

Бештар бихонед: