Гирдиҳамоӣ байналмилалии тулоб ва донишҷуёни ғайриэронӣ дар Машҳад
(last modified Wed, 08 Feb 2023 14:21:48 GMT )
Феврал 08, 2023 19:21 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоӣ байналмилалии тулоб ва донишҷуёни ғайриэронӣ дар Машҳад
    Гирдиҳамоӣ байналмилалии тулоб ва донишҷуёни ғайриэронӣ дар Машҳад

Нишасти тулоб ва донишҷуёни ғайриэронӣ дар Машҳад баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гирдиҳамоӣ байналмилалии тулоб ва донишҷуёни ғайриэронӣ бо мавзуъи нақши инқилоби исломӣ дар таҳаққуқи тамадуни навини исломӣ дар Машҳар баргузор шуд.

Маросим дар толори Қудс китобхонаи марказии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор гардид ва Ҳасан Раҳимпури Азғади, узви шурои олии инқилоби фарҳангӣ дар маросим суханрони кард.

Ҳуҷатулислом валмуслимин Муҳаммадризо Солеҳ, раиси намояндагии Ҷомеъатул Мустафо Алоъламияи Хуросни Разави ҳам ҳадаф аз ин гирдиҳамоиро таҷдиди паймон бо ормонҳои инқилоби исломӣ ва табйини андешаҳои бунёнгузори инқилоб ва Мақоми муаззами раҳбарӣ  донист ва афзуд: Дар ин гирдиҳамоӣ устод Раҳимпури Азғади дар бораи нақши инқилоби исломӣ дар таҳаққуқи тамадуни навини исломӣ суханронӣ кард.

Вай афзуд ҳамчунин намояндагони аз чаҳор кишвар Ҳиндустон, Афғонистон, Ироқ ва Нигеря дар бораи мавзуъоти ҳамчун таъсир ва тавсеаи инқилби исломии Эрон дар кишварҳои дунё суханрони карданд.

Ҷомеъатул Мустафо Алъоламия 70 намояндагӣ дар кишварҳои мухталиф дорад, ки дар он беш аз 100 ҳазор талаба ва донишҷу таҳсил мекунанд.