Феврал 10, 2023 21:00 Asia/Dushanbe
  • Дар остонаи 44 солагии инқилоб; ҳамлу нақли контейнерии киштиронии Эрон дар дарёи Хазар рекорд зад

Дар остонаи 44 солагии пирӯзии Инқилоби исломӣ, барои нахустин бор дар таърихи ҳамлу нақли дарёӣ дар дарёи Хазар, ҳамлу нақли контейнерӣ рекорд зад.

Зарфияти новгони киштиронии Эрон тайи 44 соли ахир аз 525 ҳазор тон ба панҷ миллион тон афзоиш ёфта, ки нишон аз 10 баробар шудани ин зарфият аст.

Ҳамчунин гуруҳи киштиронии Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамакнӯн 138 фарванд анвоъи шиновар дар моликияти худ дорад, ки дар навъи худ дар ҷаҳон камназир аст ва онро ба бузургтарин новгони Ховари Миёна табдил кардааст.

Бо вуруди киштиҳои насли ҷадид дар авохири даҳаи 2010 зарфияти контейнерии ин новгон ба рақами қобили таваҷҷуҳ 157 ҳазор TEU контейнер афзоиш ёфтааст, ки ин зарфият рутбаи чаҳордаҳумини киштиронии бузурги контейнерии ҷаҳонро барои гуруҳи киштиронии Ҷумҳурии исломии Эрон ба армағон овардааст.

Ин новгони бузурги таҳти ҳидояти коркунон 100 дарсад эронист, ки умдатан дар муассисаи омӯзишии киштиронии Ҷумҳурии исломии Эрон мароҳили омӯзишии худро гузарондаанд; дар ҳоле, ки дар авоили инқилоб бахши бузурге аз дарёнавардони ин гуруҳро неруҳои хориҷӣ ташкил медоданд.

Бар асоси эъломи равобитумумии гуруҳи киштиронӣ, новгони ин гуруҳ дар минтақаи роҳбурдии дарёи Хазар ба унвони бузургтарин новгони минтақа фаъолият дорад ва ба тозагӣ низ зарфияти он аз 95 ҳазор тон ба 130 ҳазор тон афзоиш ёфта, барои нахустин бор дар таърихи ҳамлу нақли дарёӣ дар дарёи Хазар ҳамлу нақли контейнерӣ аз сӯи гуруҳи киштиронӣ оғоз гардида ва дар ҳоли густариши рӯзафзӯн аст.

Ҳамчунин  гуруҳи киштиронии Ҷумҳурии исломии Эрон бо анҷоми сармоягузории 10 миллиондолларӣ дар бандари Солянкаи Русия дар ҳошияи дарёи Хазари роҳбарии ин бандарро дар ихтиёр гирифта, ки дар навъи худ рухдоде камназир дар қабл ва баъд аз инқилоб аст.

 

Барчасп