Июл 29, 2016 17:08 Asia/Dushanbe

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо маҳкум кардани ҷиноёти режими Оли Сауд дар Яман, иқдомоти ин режимро муғойир бо қавонини байналмилалӣ ва мавозини исломӣ донист.

Ҳуҷҷатулислом Козимии Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, ҳамлаи муздурони режими Оли Сауд ба минтақаи Ассарорӣ, дар ҷануби Яман ва ҷиноётеро, ки дар ин ҳамла муртакиб шуданд, ба шиддат маҳкум кард.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон тахриби масҷиди минтақаи Ассарорӣ, қатли ом ва асир кардани даҳҳо нафар аз аҳолии ин минтақа ва чок кардани аҷсоди кушташудагонро ҷинояте ҳавлнок донист ва тасреҳ кард: "Ин ҷиноят на танҳо бо Ислом ҳамхонӣ надорад, балки амали зиддибашарӣ аст, ки ҳеч инсони мудофеи ҳуқуқи башар онро таъйид намекунад".

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард: "Режими Оли Сауд дар ҳоле ба сиёсатҳои ҷинояткоронаи худ зидди кишварҳои минтақа идома медиҳад, ки иддаои мусулмонӣ дорад ва худро ходими Ҳарамайни Шарифайн медонад".

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сиддиқӣ ҳамчунин бо маҳкум кардани амалиёти террористии маргбори ахир дар Кобул, таъкид кард: "Давлати Афғонистон ва созмонҳои байналмилалӣ бояд посухгӯи қусури худ дар эҷоди амният ва фароҳам кардани оромиш барои миллати ситамдидаи Афғонистон бошанд".

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон зимни таслият ба мардуми Афғонистон тасреҳ кард: "Омилони амалиёти террористии Кобул бояд ҳарчӣ зудтар шиносоӣ, муҳокима ва муҷозот шаванд".

Сиддиқӣ дар бораи идомаи зулму шиканҷаҳои режими Оли Халифа зидди мардуми Баҳрайн ҳам гуфт: "Ин дар ҳолест, ки эътирозҳои мардуми ин кишвар ба ҳукумати подшоҳӣ комилан мусолиматомез аст, аммо авомили Оли Халифа дар ҷавоби ин эътирозот ба шиканҷа ва озори мардум идома медиҳанд".

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон салби тобеият аз шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайнро хилофи қавонини исломӣ ва байналмилалӣ донист ва афзуд: "Иқдоми режими Оли Халифа барои муҳокимаи ин рӯҳонии бузург танҳо хашми миллати Баҳрайнро афзун мекунад ва натиҷае ҷуз суръат бахшидан дар раванди суқути ҳукумати Баҳрайн нахоҳад дошт.

Барчасп