Паёми табрики раисиҷумҳури Покистон ба Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ
Феврал 12, 2023 18:09 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳури Покистон солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эронро ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ табрик гуфт.
Ориф Алавӣ, раисиҷумҳури Покистон дар паёме ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, 44-умин солрӯзи пирӯзии Инқилоби шукӯҳманди исломии Эронро ба эшон табрик ва бар тааҳҳуди Покистон барои таҳкими равобит таъкид кард.
Дар ин паём омадааст, равобити бародаронаи Покистону Эрон реша дар пайвандҳои забонӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ дорад ва Исломобод мутааҳҳид ба тақвияти бештари ин равобит бо Теҳрон аст.
Нахуствазир ва раиси маҷолиси Сенат ва Миллии Покистон низ дирӯз бо ирсоли паёмҳое рӯзи миллии Эрону солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломиро ба миллату давлати Эрон табрик гуфтанд.