Аҳамияти густариши равобити имлии кишварҳои узви ЭКО
(last modified Mon, 13 Feb 2023 15:31:59 GMT )
Феврал 13, 2023 20:31 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти густариши равобити имлии кишварҳои узви ЭКО
    Аҳамияти густариши равобити имлии кишварҳои узви ЭКО

Дар ҳабдаҳумин кумитаи иҷрои бунёди илмии ЭКО бар аҳамияти густариши равобити илмии кишварҳои узв таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Кумайлитайиби, раиси бунёди илмии ЭКО дар донишгоҳи Исфаҳон гуфт: Панҷумин нишасти ҳайати уманои илмии ЭКО ба манзури баҳсу табодули назар дар бораи сиёсатгузори ва барномарезии фаъолиятҳои илмии ин бунёд дар сатҳи минтақаӣ барои се соли оянда дар Исфаҳон баргузор мешавад.

Тайиби бо баёни ин ки Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО барои пешрафти иқтисоди минтақа ва бо ҳадафи эҷоди бозори муштарак барои ҳудуди 500 миллион нафар фаъолият мекунад афзуд: Эрон беш аз 50 порки илми ва фановари дорад, ки метавон аз ин зарфият барои рушди ҳамкориҳои илмӣ ва фановари дар минтақаи Осиёи Миёна истифода кард.

ЭКО созмони байнидавлати муталакиш аз 10 кишвари исломӣ шомили Эрон, Тоҷикистон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Тукрманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон аст.