Муовини вазири умури хориҷаи Эрон: Ожонси энержии атомӣ набояд абзори сиёсӣ шавад
Порс Тудей - Муовини вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки бархе кишварҳо аз Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои аҳдофи сиёсӣ истифода мекунанд ва ин ниҳод бояд бетараф, одил ва мунсиф амал кунад.
Саъиди Хатибзода, муовини вазиру раиси маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии умури хориҷаи Эрон дар гуфтугу бо шабакаи русии “Russia Today” иқдомоти ахири се кишвари аврупоӣ ва Амрико дар фаъолсозии механизми “иснапбак”-ро ғайриқонӯнӣ ва беэътибор донист ва эълом кард, Эрон омодаи муқобила бо таҳримҳо ва маҳдӯдиятҳо аст. Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Тасним, Саъиди Хатибзода афзуд, ки ин иқдом на фақат аз манзари ҳуқуқӣ ботил аст, балки аз назари роҳбурдӣ низ нодуруст буд ва Аврупо ва Амрикоро дар арсаи ҷаҳонӣ беаҳамият нишон дод.
Вай бо ишора ба ҳимояти беш аз 100 кишвари Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо аз Эрон ва ба расмият нашнохтани таҳримҳо, таъкид кард, Эрон сиёсати хориҷии мунсаҷим ва бар асоси ҳуқуқи байналмилал дораду таҳримҳои якҷонибаи Амрико ғайриқонӯнӣ ва ноодилонааст.
Хатибзода ҳамчунин гуфт, ки Эрон ҳамвора бо Ожонси энержии атомии ҳамкории комил дошта ва тамомии таъсисот таҳти назорати дақиқ ҳастанд, аммо иқдомоти таҷовузгаронаи Исроилу ҳимояти Амрико боиси ихтилол дар раванди ҳамкорӣ шуд.
Муовини вазири умури хориҷа таъкид кард, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бояд наҳоде бетараф ва фаннӣ бошад ва аз таъсисоти ҳастаӣ ҳифозат кунад, на инки ба абзоре барои аҳдофи сиёсӣ табдил шавад.
Раиси маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Зӯр ва султа сулҳ намеоварад ва роҳи барқарории адолату амният дар ҷаҳон, ҳамкорӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилал аст; Эрон ҳамчунон ҳаққи дифои машрӯъи худро маҳфӯз медонад ва талош дорад тамаркузи ҷаҳониро аз таҷовузоти Исроил ва масаълаи Фаластин мунҳариф накунад.