Феврал 17, 2023 20:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳоҷиалиакбарӣ: Зилзилаи Сурия бори дигар рафтори зиддибашарии кишварҳои ғарбиро ба намоиш гузошт
    Ҳоҷиалиакбарӣ: Зилзилаи Сурия бори дигар рафтори зиддибашарии кишварҳои ғарбиро ба намоиш гузошт

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон аз рафтори кишварҳои ғарбӣ дар қиболи зилзилаи Сурия интиқод кард.

Ду заминларза ба бузургии 7. 5 ва 7. 8 риштер шашуми феврал манотиқи ҷанубии Туркия ва шимоли Сурияро ба ларза даровард, ки бар асари он беш аз 38 ҳазор нафар дар Туркия ва беш аз панҷ ҳазор нафар ҳам дар Сурия ҷон бохтанд.

Зилзилаи Сурия бори дигар рафтори зиддибашарии кишварҳои ғарбиро ба намоиш гузошт, зеро таҳримҳои золимонаи Амрико ва аврупоиҳо монеъ аз имдодрасонӣ ба афроде шуд, ки дар Сурия зери овор гирифтор шуда буданд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷаводи Ҳоҷиалиакбарӣ, имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъа бо баёни ин ки зилзилае ки дар кишварҳои Туркияву Сурия рух дод, фоҷеаи бузурги инсонӣ буд, изҳор дошт, ҷомеаи ҷаҳонӣ мардуди бузурги ин имтиҳон аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷиалиакбарӣ гуфт, Амрикову Аврупо дучори суқути ахлоқӣ шудаанд ва ботини палиду касифи худро дар зилзилаи Сурия нишон доданд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон барои кумак ба кишварҳои Туркияву Сурия неру ва маҳмула фиристод, ибрози умедворӣ кард, бо ҳиммати миллатҳои минтақаву миллати Эрон, аз ранҷи ду миллати азизи Туркияву Сурия коста шавад.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷиалиакбарӣ ба сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Чин низ ишора карду гуфт, ин сафар осори миллӣ барои ду кишвар ва низ осори минтақаӣ ва байналмилалӣ дорад, ки баъзе аз онҳо ҳамин алон дида мешавад ва бархе дигар ҳам дар оянда иттифоқ хоҳад афтод.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон хотирнишон кард, ҳайати эронӣ дар сафар ба Чин бо қувват дар барномаҳо ва қарордодҳо ҳузур пайдо карду тарафи чинӣ ҳам дар мизбонӣ ва эҳтирому такрим санги тамом гузошт, ки ба навъе ҷуброн шудани мавзуи Арабистон буд.

 

Барчасп