Феврал 19, 2023 12:53 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони пайкорҳои байналмилалии коротеи мардон
    Эрон қаҳрамони пайкорҳои байналмилалии коротеи мардон

Тими Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шикасти тимҳои Иморат, Умон ва Афғонистон қаҳрамони пайкорҳои байналмилалии коротеи Бобулсар дар бахши мардон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, панҷумин даври мусобиқоти байналмилалии коротеи Бобулсар дар баши мардон бо ширкати 500 коротекор аз кишварҳои Иморат, Умон, Афғонистон ва Эрон ба муддати се руз дар салони сардорони шаҳид Навбахти Бобулсар баргузор шуд ва бо қаҳрамонии тими Эрон поён ёфт.

Тими Афғонистон бар сакуи ноибқаҳрамони истод ва унвони севум ба Умон ихтисос дода шуд.

Дар ин давр аз рақобатҳо ширкаткунандагон дар 38 вазн радаи синии хурдсолон, навниҳолон, навҷавонон, ҷавонон, умедҳо, бузургсолон ва пешкисватон ба масофи ҳам рафтанд.