Декабр 16, 2016 19:35 Asia/Dushanbe
  • Баргузории камиссиюнҳои тахассусии конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ

Камиссиюнҳои тахассусӣ барои баррасии масоили ҷаҳони Ислом, чолишҳои мавҷуд ва роҳкорҳо дар дуввумин рӯз аз баргузории конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, субҳи имрӯз, ҷумъа дар ин нишастҳои тахассусӣ ширкаткунандагон бо таъкид бар ваҳдат байни уммати исломӣ ва ҳамчунин уламои ҷаҳони Ислом дар заминаи масоили мухталифи мусулмонон, терроризм ва ифротгароиро маҳкум карданд.

Дар ин камиссиюнҳо ҳамчунин барои пешрафти аҳдофи исломӣ ва ҳамчунин огоҳии ҷавонони кишварҳои исломӣ ба ҳамкориҳои расонаҳо дар ҷаҳони Ислом ва бар мавзӯоти исломӣ таъкид шуд.

Қарор аст камиссиюнҳои тахассусии сиюмин конфронси Ваҳдати исломӣ баъд аз зуҳри имрӯз низ бо ҳузури андешамандони ҷаҳони Ислом дар хусуси иттиҳодии уламои муқовимат ва иттиҳоди занони мусулмон баргузор шавад. 

Сиюмин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дирӯз (панҷшанбе) ба муддати се рӯз ва бо шиори "ваҳдат ва зарурати муқобила бо гурӯҳҳои такфирӣ" дар Теҳрон, бо ҳузури садҳо шахсияти бузург ва барҷастаи ҷаҳони Ислом аз 60 кишвар кишвар ба кор оғоз кард.