Саркардаи гуруҳаки террористии Тундар ба эъдом маҳкум шуд
Ҷамшеди Шормеҳр саркардаи гуруҳаки террористии Тундар ба иттиҳоми фасодҳои филарз аз тариқи тароҳи ва ҳидояти иқдомоти террористӣ ба эъдом маҳкум шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобит умумии додгустарии кулли устони Теҳрон дар гузорише эълом кард пас аз поёни расидагӣ ба парванда ва анҷоми таҳқиқоти додгоҳи инқилби Теҳрон, Ҷамшеди Шормеҳр саркардаи гуруҳаки террористии Тундарро ба иттиҳоми фасодҳои филарз аз тариқи тароҳи ва ҳидоятҳои иқдомоти террористӣ ба эъдом маҳкум кард.
Гуруҳи террористии Тундар илова бар амалиёти инфиҷор дар ҳусейнияи сайдушуҳадои Шерози Эрон дар соли 2008, ки ба шаҳодати 14 шаҳрванди эронӣ ва маҷруҳ шудани 300 нафари дигар мунҷар шуд дар солҳои ахир низ қадси иҷрои чандин амалиёти террористӣ аз ҷумла мунфаҷир кардани сад дар Шероз ва инфиҷори бомбҳои заҳролуд дар намоишгоҳи китоби Теҳронро дошт, ки бо тасалути иттилоъотии неруҳои амниятии Эрон ноком монд.
Ин гуруҳаки террористӣ ҳамчунин дар террори шаҳид Масъуди Алимуҳаммади аз донишмандони саъати ҳастаӣ Эрон низ нақш дошта аст.