Сафири Эрон: Сиёсати Қазоқистон дастрасӣ ба обҳои озод аз тариқи Эрон аст
Сафири Эрон дар Қазоқистон аз алоқамандии давлати ин кишвар барои тавсеаи равобити иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.
Алиакбар Ҷавкор, сафири Эрон дар Қазоқистон дар ҳошияи боздид аз зарфиятҳо ва тавонмандиҳои минтақаи вижаи иқтисодии бандари шаҳид Раҷоӣ, устони Ҳурмузгон, ҷануби Эрон, гуфт: Аз сиёсатҳои муҳимми иқтисодии давлати Қазоқистон, иттисол ба обҳои озод аз тариқи банодири Эрон бавижа дар бандари шаҳид Раҷоӣ аст. Ҷавкор бо баён инки Қазоқистон аз содиркунандагони бузурги ғаллот дар ҷаҳон аст, афзуд: Зарфиятҳои банодири Ҳурмузгон ба гунае аст, ки барои бахшҳои давлатӣ ва хусусии Қазоқистон муҳим аст, ки аз ин зарфиятҳо ва имконоти ин устон барои содироти истифода кунанд.
Сафири Эрон дар Қазоқистон тасреҳ кард, густариши равобити тиҷорӣ, ҳамлу нақлӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои ҳамсоя бавижа Русия, Қазоқистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар авалавияти Эрон қарор дорад, ки дар ҳоли ҳозир ин зарфият дар устони Ҳурмузгон ба хубӣ фароҳам аст.