Феврал 22, 2023 19:06 Asia/Dushanbe
  • Сафари Амирабдуллоҳиён ба Бағдод
    Сафари Амирабдуллоҳиён ба Бағдод

Вазири умури хориҷаи Эрон бо вазири умури хориҷаи Ироқ дидор ва дар бораи муҳимтарин масоили мавриди алоқаи ду кишвар, минтақа ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар Бағдод бо Фуод Ҳусайн, вазири умури хориҷаи Ироқ дидор кард.

Ҳанӯз ҷузъиёте дар бораи ин дидор ва муҳтавои он мунташир нашудааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар замони вуруд ба Бағдод бо ишора ба хурсандии Эрон аз бозгашти Ироқ ба нақши табиӣ ва муассири худ дар минтақа гуфт, ки ин сафар бо ҳадафи пайгирии мавзӯоти дуҷониба, идомаи машваратҳо бо Бағдод дар хусуси масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар сафар ба Бағдод илова бар музокироти расмӣ бо вазири умури хориҷа, бо раиси ҷумҳурӣ, нахуствазир, раиси порлумон, раиси Шӯрои олии қазоӣ ва раиси Шӯрои амнияти миллии Ироқ дидор ва дар бораи равобити ду кишвар ва ҳамкориҳои минтақаӣ гуфтугӯ хоҳад кард.

 

Барчасп