Эрон рамзи ваҳдати исломӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i9877-Эрон_рамзи_ваҳдати_исломӣ
Муовини дабири кулли Ҷунбиши муқовамати исломии Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҷумҳурии Исломии Эронро рамзи ваҳдати исломӣ дар қарни бистум донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 16, 2016 17:29 Asia/Dushanbe
  • Эрон рамзи ваҳдати исломӣ

Муовини дабири кулли Ҷунбиши муқовамати исломии Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҷумҳурии Исломии Эронро рамзи ваҳдати исломӣ дар қарни бистум донист.

Шайх Наим Қосим дар сиюмин давраи иҷлоси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон, дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Порстудей”, бо ишора ба ин ки Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ба раҳбарии Имоми роҳил (раҳ) ба раъси ваҳдати исломӣ мубаддал шуд, таъкид кард, Эрон нахустин кишваре аст, ки аз ваҳдати шиа ва суннӣ, масъалаи Фаластин ва муқовамати Ҳизбуллоҳи Лубнон дар муқобили режими саҳюнистӣ ҳимоят кард.

Муовини дабири кулли Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин масъалаи Фаластинро муҳимтарин масъалаи ваҳдати исломӣ донист ва афзуд, агар масъалаи Фаластин набошад, мавзӯи ваҳдат низ матраҳ нахоҳад буд.

Шайх Муҳаммад Нимер, раиси Шӯрои исломии Фаластин дар Лубнон ҳам дар ҳошияи ин иҷлос дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Порстудей” тасреҳ кард, ваҳдат омили қудрат ва тафриқа сабаби заъф ва нобудии мусулмонон хоҳад буд аз ин рӯ ваҳдати исломӣ зарурати инсонӣ- исломии ҷомеаҳо аст.

Раиси Шӯрои исломии Фаластин дар Лубнон хотирнишон кард, мусулмонон бо ваҳдат ва якпорчагӣ метавонанд дар муқобили муддаиёни Ислом биистанд ва ба фармудаи Худованд, мусулмонон бояд бо чанг задан ба ресмони илоҳӣ бо якдигар муттаҳид шаванд.

Шайх Муҳаммад Хизр, раиси Анҷумани исломии Даъват ва гуфтумони Лубнон ҳам дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Порстудей”, таассуботи ҷоҳилият ва кӯркӯронаро омили аслии мушкилоти ҷаҳони Ислом донист.

Муҳаммад Хизр масъалаи Фаластинро муҳимтарин мушкили ҷаҳони Ислом донист ва изҳор дошт, мусулмонон бо иттиҳод дар муқобили душмани саҳюнистӣ худ метавонанд ба ҳалли ин мушкил кӯмак кунанд.

Сиюмин конфронси байналамилалии Ваҳдати исломӣ рӯзи панҷшанбе бо ҳузури 220 шахсияти бузург ва барҷастаи ҷаҳони Ислом аз 60 кишвар, дар толори иҷлоси сарон дар Теҳрон ифтитоҳ шуд.