Амирабдуллоҳиён: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳомии сулҳ ва мухолифи ҷанг аст
Вазири умури хориҷаи Эрон иддаоҳо дар бораи истифода аз паҳподҳои эронӣ дар Украинаро нодуруст хонд, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳомии сулҳ ва мухолифи ҷанг аст.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар пайи тарҳи иддаоҳои беасос мабни бар ирсоли паҳподҳои эронӣ ба Русия барои истифода дар ҷанги Украина дар “Твиттер” навишт: “иддаоҳо дар мавриди паҳподҳои эронии бакор гирифта шуда дар Украина нодуруст аст”.
Вай афзуд, қарор буд дуввумин дидори ҳайатҳои сиёсӣ ва низомии Эрон ва Украина баргузор шавад, аммо бархе тарафҳои ғарбӣ фақат иддао мекунанд ва ҳеҷ санадеро ироа намедиҳанд.
Амирабдуллоҳиён бо таъкид бар инки Ғарб бояд даст аз ин бозии бесамар бардорад, тасреҳ кард: Эрон ҳомии сулҳ ва мухолифи ҷанг аст.