Феврал 27, 2023 10:33 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи пружаи интиқоли барқ аз Эрон ба Покистон
    Ифтитоҳи пружаи интиқоли барқ аз Эрон ба Покистон

Нахуствазири Покистон пружаи интиқоли барқ аз Эрон ба ин кишварро ифтитоҳ мекунад.

Покистон бо ҷамъияти 200 миллион нафари аз манобеъи кофи барои таъмини энержии мавриди ниёзи худ бархурдор нест. Ҷудо аз нафту газ, бахше аз ниёзи ин кишвар ба барқ низ аз сӯйи Эрон таъмин мешавад.

Хурам Дастгирхон вазири нерӯи Покистон июни  2022 дар сафар ба Эрон бо ширкати эронии тавлиди интиқол ва тавзеъи нерӯи барқ (ноябр) тавофуқномаи хариди барқ имзо кард.

Ба гуфтаи вазири покистонӣ бо ақди ин тавофуқнома ва хариди 100 меговот барқ аз Эрон буҳрони барқ дар Иёлоти Балучистон ба сурати қобили таваҷҷӯҳе коҳиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Исно, Шаҳбоз Шариф назуствазири Покистон дар сафари қарибал вуқӯъи худ ба Иёлоти Балучистон, пружаи 100 меговотии интиқоли барқи Эрон- Гвадарро ифтитоҳ хоҳад кард.

Ифтитоҳи ин таъсисот барои ҳафтаи оянда барномарези шудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп