Раисӣ: Шикастхурданони иғтишошоти хиёбони дар илтиҳоби арзи Эрон даст доранд
(last modified Mon, 27 Feb 2023 13:27:48 GMT )
Феврал 27, 2023 18:27 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Шикастхурданони иғтишошоти хиёбони дар илтиҳоби арзи Эрон даст доранд
    Раисӣ: Шикастхурданони иғтишошоти хиёбони дар илтиҳоби арзи Эрон даст доранд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи афзоиши нархи арз дар кишвар ҳатто дар рузҳои таътили гуфт: Шикастхурдагони иғтишошоти хиёбони дар илтиҳоби арзи Эрон даст доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи душанбе дар дидори намояндагони валифақиҳ ва аимаи ҷумъаи устонҳо изҳор кард: Ҷаҳишҳои ногаҳонии нарх дар Эрон иртиботи ба муалифаҳои бозор ва тиҷорат надорад ва сирфан натиҷаи интизори таварум ва талош барои эҷоди талотум ва илтиҳоб дар арсаи иқтисод аст, ки аз хориҷи кишвар эҷод мешавад ва мутаасифона бархе ҳам дар дохил дар оташи он медаманд.

Раисӣ афзуд ин итифоқ иллатҳои мухталифи метавонад дошта бошад, ки муҳимтарини он ҳосили нақшофарини дастҳои бегона аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард душман вақте дид дастҳоие, ки муқобили пешрафти миллати Эрон эҷод карда буд дар ҳоли шикастан ҳастанд аввал балво ва иғтишоши хиёбони ба роҳандохт ва вақте бо огоҳи ва басирати мардуми дар ин фитана низ ноком монд талош кард бо афзоиши беэътимоди ва эҷоди норизояти ва кушодани он ба суфраи мардум аҳдофи худро дунбол кунад.

Раисӣ аз оғози тароҳи ва иҷрои роҳкорҳои муассир барои мудирияти бозори арз ва кантрол ва тасбити он дар Эрон хабар доду афзуд: Давтаи Эрон бо тамоми тавон барои тадовуми рушди иқтисоди кишвар талош хоҳад кард.