Содироти колоҳои донишбунёни устони Мозандарон ба 35 кишвари ҷаҳон
(last modified Tue, 28 Feb 2023 07:38:55 GMT )
Феврал 28, 2023 12:38 Asia/Dushanbe
  • Содироти колоҳои донишбунёни устони Мозандарон ба 35 кишвари ҷаҳон

Раиси парки илму фанноварии устони Мозандарон, шимоли Эрон гуфт : Колоҳои 37 ширкати донишбунёни устон дар ҳавзаҳои беҳдоштӣ, саноъатӣ ва хадамотӣ ба 35 кишвари ҷаҳон содир мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қурбоналии Неъматзода-раиси парки илму фанноварии устони Мозандарон афзуд : Тавсеаи фанноварӣ ва ташвиқу тарвиҷи фановарони ҷавон ва эдеяҳои халлоқ маъмуриятҳои муҳими ширкати донишбунён аст.
Неъматзода гуфт : Тавлиди сарвати умумӣ аз тариқи шабакасозии ширкатҳои донишбунён, ниёзсанҷӣ ва эдияпардозӣ ва иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ бо ҳимоят аз ширкатҳои фановар бо ҷиддият аз сӯи масъӯлони устон дар дастури кор аст .
Раиси парки илму фанноварии устони Мозандарон тасреҳ кард : Тарҳҳои муҳандисӣ, сабти моликияти маънавии тиҷорисозӣ ва интиқоли фанноварӣ дар чашмандоз оянда ва табдили парки илму фанноварии Мозандарон ба унвони парки байналмилалӣ аз авлавиятҳое аст, ки бо ҷиддият пайгирӣ мешавад .
Устони Мозандарон бо мазиятҳои фаровони иқтисодӣ, табиӣ, гардишгарӣ,тиҷорӣ ва саноъатӣ ба унвони меҳвари ройзаниҳои фаъолони иқтисодӣ барои сармоягузории ҷадид табдил шудааст .
Қарор гирифтан дар масири роҳбурдӣ мавқеъияти вижае ба устони Мозандарон додаву аҳамияту ҷойгоҳи сармоягузории ҷадид мавриди тавваҷуҳ аст, ки метавон бо таваҷҷуҳ ба бозорҳои ҳадафи содиротӣ ин тавлидоти фароваришударо ба кишварҳои минтақа содир кард.

Бештар бихонед :