Дидори Амирабдуллоҳиён бо мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i99208-Дидори_Амирабдуллоҳиён_бо_мудири_кулли_Ожонси_байналмилалии_энержии_атомӣ
Вазири умури хориҷаи Эрон ва мудири кулли Ожонси байналмилали энерэии атомӣ дидору гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Март 04, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори Амирабдуллоҳиён бо мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон ва мудири кулли Ожонси байналмилали энерэии атомӣ дидору гуфтугӯ карданд.

Рафаэел Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, рӯзи ҷумъа вориди Теҳрон шуд ва мавриди истиқболи расмии Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯ ва муовини умури байналмилал, ҳуқуқӣ ва маҷлиси Созмони энержии атомӣ қарор гирифт.

Гросси имрӯз (шанбе) илова бар дидор бо Муҳаммади Исломӣ, муовини раисҷмҳурӣ ва раиси Созмони энержии атомии Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо Исломӣ ширкат кард.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши ИРНА, Гросси дар идомаи дидорҳои худ дар Теҳрон ба дидори Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рафт.