Тафоҳумномаи Эрон ва Русия дар ҳавзаи "Metaverse"
Эрон ва Русия дар ҳавзаи "Metaverse" ва ҳамлу нақли ҳушманд тафоҳумномаи сармоягузорӣ имзо карданд.
Дар ҳошияи панҷумин рӯйдоди сармоягузории фановарии "TIM2023", ки дар Порки фанноварии Пардис баргузор шуд, як ширкати эронӣ ва сармоягузори русӣ муваффақ ба инъиқоди тафоҳумнома дар ҳавзаи "Metaverse" ва ҳамлу нақли ҳушманд шуданд.
"Metaverse" , фарзияе аз ояндаи Интернет аст, ки аз муҳитҳои маҷози себуъдии онлайн ғайри мутамарказ ва пойдор ташкил мешавад.
Нишасти сармоягузории фановарии гурӯҳи D8 (Technology Investment Meeting), барномае аст, ки бо ҳадафи беҳбуди мавқеияти кишварҳои дар ҳоли тавсеа дар иқтисоди ҷаҳонӣ, мутанаввесозӣ ва эҷоди фурсатҳои ҷадид дар равобити тиҷорӣ, афзоиши мушорикат дар тасмимгириҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва фароҳам овардани стандарти зиндагии беҳтар баргузор мешавад.
Ҳашт кишвар Бангладеш, Миср, Индонезия, Эрон, Малайзия, Нигерия, Покистон ва Туркия дар ин нишасти (D-8tten) ширкат мекунанд.
Муҳаммади Гилӣ, намояндаи як шитобдиҳандаи фаъоли эронӣ дар ҳавза "Metaverse" ва руботик, тавофуқномаи сармоягузорӣ бо тарафи русӣ имзо кард.
Гилӣ дар ин бора гуфт, ки ин шитобдиҳанда бо ду стартоп дар ин рӯйдод ширкат кардааст, ки дар заминаҳои тавонбахшии воқеияти маҷозӣ ва ҳамлу нақли ҳушманд фаъолият доранд.
Вай ҳадафи аслӣ аз ҳузур дар ин рӯйдодро ҷазби сармоя аз кишварҳои узви созмони D8 баршумурд ва афзуд, барои тавсеаи маҳсулот ва хадамоти ин стартопҳо дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба унвони як бренди эронӣ дар садади ҷазби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ҳастем.