Март 05, 2023 19:39 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Сафари Гросси ба Теҳрон дар остонаи нишасти шурои ҳуккоми ожонс
    Таҳлил: Сафари Гросси ба Теҳрон дар остонаи нишасти шурои ҳуккоми ожонс

Мудири кулли ожонси байналмилалии энержи атомӣ барои дидор бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди Теҳрон шуд.

Рафаэл Гросси, мудири кулли ожонси байналмилалии энержи атомӣ дар сафари 2 руза ба Теҳрон бо теъдоди аз мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтугу хоҳад кард.

Беҳрузи Камолванди, сухангуи созмони энержи атомӣ пеш аз ин дар бораи сафари Гросси ба Эрон гуфт: Лозимаи ин сафар ин аст, ки барои ду тараф муфид бошад.

Гросси низ пеш аз ин сафар гуфта буд: Дар мақтаъи кунуни канали БарҶом ва канали дуҷониба бо Эрон дар беҳтарин вазъият нест умедворам битавонам ин гуфтугуи гурезнопазирро эҳё боз танзим ва тақвият кунам бедуни ин кор вазъият бадтар хоҳад шуд.

Ожонси байналмилалии энержи атомӣ дар солҳои гузашта бархе аз иддаоҳои матраҳшуда аз суи тарафҳои ғарби ва режими саҳюнистӣ дар бораи барномаи сулҳомези ҳастаӣ Эронро такрор карда аст.

Нахустин нишасти шурои ҳуккоми ожонс дар соли 2023 низ дар ҳоли қарор аст душанбеи ҳафтаи оянда 6 март баргузор шавад, ки 4 моҳ пеш обони 1401 дар нишасти қаблии шурои ҳуккоми ожонси байналмилалии энержи атомӣ қатъномаи интиқод зидди Эрон содир кард ва аз Эрон хост тавзеҳоти фанни дар бораи иддаоҳои матраҳшуда ва ҳамчунин имкони дастраси ба сойтҳо ва таҷҳизот барои ҷамоварии намунаҳо фароҳам кунад.

Дар идомаи ҳафтаҳои гузашта низ иддаоҳо дар расонаҳои ғарби дар хусуси барномаи ҳастаӣ Эрон низ матраҳ шуд, ки бояд онро талоши аз суи тарафҳои ғарби ба манзури фароҳам кардани шароит барои судури қатъномаи ҷадид дар шурои ҳукком зидди Эрон донист.

Ахиран хабарбгузории амрикоӣ Блумберг дар гузориши ба нақл аз ду дипломати аршад навишт бозрасони ожонс дар бозраси аз таъсисоти ҳастаӣ Эрон зарроти урониюми ғаниосзишудаи 84 дарсади кашф карданд дар вокуниш ба ин гузориш сухангуи созмони энержии тамоии Эрон таъкид кард Эрон барномаи барои ғанисозии болотар аз 60 дарсад надорад ва кашфи зарроти ночиз бо ғанои болотар дар маҳали шири ҷамоварии маҳсул амри табиъӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин ҳол Волестритжурнал банақл аз ду манбаъи огоҳ хабар дода аст, ки ожонс қасд надорад гузориши мустақил дар мавриди кашфи зарротии урониюм бо ғанои 84 дарсади дар таъсисоти ҳастаӣ Эрон ба шурои ҳукком ироа бидиҳад.

Муҳаммади Исломӣ, раиси созмони энержии атомӣ Эрон низ рузи чаҳоршанбе дар бораи охирн таъомулоти Эрон ва ожонси байналмилалии энержи атомӣ бо ишора ба ҳаллуфасли мавзуъоти мавриди муноқиша дар парвандаи ҳастаӣ гуфт: Маводе, ки адами интибоқи сонтифиюжҳо ё вуҷуди заррот эълом шуда буд ҳаллуфасл ва парванда пас аз коршиносҳо баста ниҳоӣ ва мушахас шуд, ки инҳирофи хоси вуҷуд надорад.

Бадеҳи аст бозрасони ожонси байналмилалии энержи атомӣ то кунун борҳо аз таъсисоти ҳастаӣ Эрон боздид карданд, аммо ҳаргиз санаде, ки нишондиҳандаи барномаи сулҳомези ҳастаӣ Эрон ба тарафи мақсадҳои низомӣ инҳироф дошта бошад пайдо накарданд.

Бо вуҷуди ин ожонси байналмилалии энержи атомӣ то кунун борҳо таҳти фишорҳои тарафҳои ғарби ва мақомоти режими саҳюнистӣ иддаоҳоеро дар бораи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаӣ Эрон матраҳ карда аст, ки албата ин иддаоҳо мунтабиқ бо савобиқи ҳамкори байни Эрон ва ожонс  нест чаро, ки Эрон ҳамвора таъомулоти мусбат бо ожонси байналмилалии энержи атомӣ дошта аст.

Дар чорчуби ин ҳамкориҳо дар рузҳои ахир низ аъзои ҳайати фаннии ожонс ду навбат ба Эрон сафар карданд то масоили мавҷуд ҳаллуфасл шавад Эрон ҳамчунин дар ҳамин росто аз мудири кулли ожонс барои сафар ба Теҳрон даъват кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон муътақид аст ожонси байналмиаллии энержи атомӣ бояд дар қиболи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаӣ Эрон рафтори ҳерфаӣ дар пеш гирад ва нақши аҳрими сиёсӣ дар дасти тарафҳои ғарби ва ё режими саҳюнистӣ барои афзоиши фишорҳо бар Ҷумҳурии Исломиро ифо накунад.

Бар ҳамин асос Муҳаммади Исломӣ, раиси созмони энержии атомӣ Эрон дар бораи сафари Рафаэл Гросси ба Теҳрон таъкид карда аст: Ин сафар метавонад курагушоӣ музокироти барҷомӣ бошад аммо мавориди ғайриодие, ки сиёсӣ ва эъмоли фишор бошадро намепазирем.