Март 06, 2023 12:22 Asia/Dushanbe
  • Исломӣ: Назоратҳо дар чорчӯби мулоҳизоти Эрон анҷом мешавад
    Исломӣ: Назоратҳо дар чорчӯби мулоҳизоти Эрон анҷом мешавад

Муҳаммад Исломӣ раиси Созмони энржи атомии Эрон бо байёни ин, ки ожони байналмиллалии энержии атомӣ бар амалкарди мо арзёбӣ ва назорат дорад, гуфт: Ин назоратҳо бояд дар қолаби чорчӯбҳо ва мулоҳизоти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон анҷом шавад.

Рафаел Гросси мудири кулли ожонси байналмиллалии энержи атомӣ, ҷумъаи гузашта дар садри ҳайате вориди Теҳрон шуд ва ду давр гуфтугӯ бо Муҳаммад Исломӣ раиси Созмони энержи атомии Эрон дошт.

Ба гузориши Ирно, Муҳаммад Исломӣ шомгоҳи якшанбе ба арзёбии сафари ахири Рафаел Гросси  ба Теҳрон пардохт ва афзӯд: Бояд таъомулоти мо бо ожонс мустамир бошад ва иҷозаи надиҳем ҷараёни мухриби саҳюнистӣ ва террористӣ аз ин равобити мо суистифода карда ва баҳонаҳеро эҷод кунад, ки бо тавассул ба онҳо ба кишвар фишор оварад.

Вай дар идома афзӯд: Ҷавсозиҳо ахир ва мавориди мавуриди ихтилоф ҳосили тақобули нигоҳои мухталиф  ба ин мавзӯъ аст, Онҳо мехоҳанд бо фишор ва зургуӣ, мо ба БарҶом амал кунем ва дар айни ҳол онҳо ба таъаҳудоти худ амал накунанд.

Раиси Созмони энержии атомии Эрон тасреҳ кард: Агар қарор бошад, ки онҳо таҳримҳоро рафъ накунанд ва мо мазияте надошта бошем дар натиҷа далели надоранд, ки мо ҳамчунон пойбанд бошем.

 

 

Барчасп