Оғози ҳамкорӣ миёни ҷазираи Кеш ва Тоҷикистон дар бахши гардишгарӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i99316-Оғози_ҳамкорӣ_миёни_ҷазираи_Кеш_ва_Тоҷикистон_дар_бахши_гардишгарӣ
Муовини гардишгарии Созмони минтақаи озоди Кеш бо дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи нишасте дар ин ҷазира, бар тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои якдигар таъкид карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 06, 2023 12:56 Asia/Dushanbe
  • Дар соли ҷорӣ беш аз 50 ҳайат аз тоҷирон, масъулону корофаринони Тоҷикистон ва Эрон бо якдигар мулоқот кардаанд
    Дар соли ҷорӣ беш аз 50 ҳайат аз тоҷирон, масъулону корофаринони Тоҷикистон ва Эрон бо якдигар мулоқот кардаанд

Муовини гардишгарии Созмони минтақаи озоди Кеш бо дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи нишасте дар ин ҷазира, бар тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои якдигар таъкид карданд.

Ба гузориши “ИЛНА”, Муртазо Рамазонии Голишӣ, муовини гардишгарӣ ва намояндагони бахши хусусии Кеш дар дидор бо ҳайате аз мақомоти гардишгарии Тоҷикистон ба раёсати Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ва намояндаи дастгоҳи иҷроии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асри сешанбеи нуҳуми исфанд (28 феврал) дар толори “Иҷтимоот”-и созмон баргузор шуд, бар тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои якдигар дар ҳавзаи гардишгарӣ таъкид карданд.

Рамазонии Голишӣ дар ин дидор гуфт, пойдорӣ ва истеҳкоми ҳамкориҳои тарафайн дар ҳавзаи гардишгарӣ, ниёзманди барқарории парвоз байни Душанбе ва ҷазираи Кеш аст, ки бахшҳои хусусии Кеш ва Тоҷикистон метавонанд дар ин замина барномарезӣ ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кунанд.

Муовини гардишгарии Созмони минтақаи озоди Кеш бо таъкид бар тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои бахши хусусии Тоҷикистон бо ҷавомеи синфӣ ва бахши хусусии Кеш дар ҳавзаи касбу корҳои хурду миёна хотирнишон кард: “Умедворем, бо ҳамкории бахши хусусии Кеш, ба саҳми худ дар таҳкиму тақвияти муносиботи ду кишвар нақшофаринӣ кунем”.

Оқои Рамазонии Голишӣ гуфт, ки Тоҷикистон ба воситаи муштаракоти фарҳангӣ метавонад аз тариқи дӯстӣ ва муровида бо Эрон, аз зарфиятҳои Кеш ва шароити бидуни визаи ин минтақа истифода кунад.

Рамазонии Голишӣ афзуд, Созмони минтақаи озоди Кеш ба манзури барқарории таомулоти густардаву ошноӣ бо зарфиятҳои гардишгарӣ, иқтисодӣ ва санъатии мардуми ду кишвар, омодаи баргузории барномаҳои фарҳангӣ мебошад.

Муртазо Рамазонӣ бо баёни ин ки хоҳони эҷоди мизи гардишгарии кишвар барои кишварҳои узви ЭКО дар Кеш ҳастем, гуфт: Бо тавваҷуҳ ба муштаракоти фарҳангии ду кишвар, метавонем намоишгоҳҳову ҳамоишҳои фарҳангиву гардишгарии Тоҷикистонро дар Кеш баргузор кунем.

Ҳамчунин Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, гуфт: “Ду кишвари Тоҷикистону Эрон равобити таърихии 6 ҳазорсола доранду 30 солагии равобити дипломатии худро таҷриба мекунанд, аммо ҳамкории мо бо Эрон дар заминаҳои мухталиф ба андозае, ки бояд, рушд накардааст ва мо дар садади афзоиши ин ҳамкориҳо ҳастем ва давлати Тоҷикистон омодааст, ки шароитро барои ин ҳамкориҳо фароҳам кунад”.

Дабири аввали Сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо ишора ба дидори чанде пеши раисони ҷумҳурии ду кишвари Тоҷикистону Эрон ва имзои чандин санади тавофуқи дуҷониба афзуд: “Дар ин сафарҳо 17 санади дуҷониба байни 2 кишвар дар ҳамаи ҳавзаҳо имзо шуд, ки заминасози таҳияи барномаҳои баландмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, ташкили комиссияи ҳамкориҳои муштараки тиҷорӣ ва ташкили Шурои корофаринони 2 кишвар аст.

Маъруфҷон Абдураҳмонов афзуд: “Дар соли ҷорӣ беш аз 50 ҳайат аз тоҷирон, масъулону корофаринони ду кишвар бо якдигар мулоқот кардаанд, ки муҳимтарин рӯйдод - дидори раисони ҷумҳурии ду кишвар буд.

Гуфтанӣ аст, дар ин нишаст бархе аз мудирону раисони Созмони минтақаи озоди Кеш, аз ҷумла Масеҳуллоҳи Сафо, раиси ҳайати мудирони “Ҷомеаи ҳутелдорони Кеш”, Муҳсини Қариб, дабири кулли “Анҷумани сармоягузорону корофаринони Кеш” ва Ҳироди Ғафурӣ, мудири пружаи “Домун соҳилӣ – 2” ва узви маҷмаи “Созандагони Кеш” ҳузур доштанд.