Март 06, 2023 18:11 Asia/Dushanbe
  • Қазовати доварони эронӣ дар мусобиқоти КОФО
    Қазовати доварони эронӣ дар мусобиқоти КОФО

Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ аз ҳуузри ду довар ва як нозири эронӣ дар мусобиқоти футболи зери 17 соли духтарони КОФО дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рақобати футболи зери 17 соли духтарони КОФО бо ҳузури тимҳои миллии зери 17 соли духтарон аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон аз 10 то 17 март ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад дар ҳамин иртибот конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ аз се намояндаи футболи Эрон барои доварӣ дар ин рақобат даъват кард.

Бар асоси эъломи конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ Фотима Насири ба унвони довар, Заҳро Имдоди ба унвони кумакдовар ва Парисо Қурбони ба унвони нозири довари барои қазоват дар рақобатҳои футболи зери 17 соли духарони КОФО дар Тоҷикистон интихоб шуданд.

Барчасп