Март 07, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Эрон зарфиятҳои зиёде барои кумак ба Созмони Ҳамкории Шанхай дорад

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲШ) гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон зарфиятҳои фаровоне дар ҳавзаҳои мухталиф дар ихтиёр дорад, ки метавонад дар ростои таҳаққуқи аҳдофи созмон ироа кунад .

Дабири кулли СҲШ рӯзи душанбе вориди Теҳрон шуд ва бо Алии Боқирии Канӣ, муовини сиёсии Вазорати хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон баъд аз зуҳри рӯзи душанбе дар дидори Жонг Минг-дабири кулли СҲШ ва ҳайати ҳамроҳ бо вай бар азму ҷиддияти Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳузуру нақшофаринии фаъолона дар ин созмон таъкид кард.
Амирабдуллоҳиён дар идома изҳор кард : Бовар дорем ки созмон дар тартиботи амниятӣ ва иқтисодии байналмиллалии ҷадид метавонад нақши муҳимме ифо кунад ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ба амнияти пойдор кумак хоҳад кард.
Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Ҷумҳурии исломии Эрон зарфиятҳои фаровоне дар ҳавзаҳои фаннӣ, саноъатӣ, фанноварӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар ихтиёр дорад, ки метавонад дар ростои таҳаққуқи аҳдофи созмон онҳоро ироа кунад .
Жонг Минг-дабири кулли СҲШ низ дар ин дидор таъкӣд кард : Тардиде вуҷуд надорад, ки ҳузури Эрон ба унвони яке аз кишварҳои қудратманду таъсиргузор дар минтақа ва ҷаҳон метавонад гоми муҳимме дар таҳаққуқи аҳдофи созмону тавсеаи равобити Эрон бо кишварҳои узв бошад .
Минг афзуд : Мутмаин ҳастем, ки таҷрибаи Эрон дар мувоҷиҳа бо чолишҳои байналмилалӣ метавонад барои аъзои созмон бисёр муфид бошад .

 

 

Барчасп