Амир Абдуллоҳиён: Эрон зарфиятҳои зиёди барои кумак ба Созмони Ҳамкори Шанхай дорад
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори дабири кулли СҲШ гуфт Ҷумҳурии Исломии Эрон зарфиятҳои фаровонӣ дар бахшҳои мухталиф дар ихтиёр дорад, ки метавонад дар ростои таҳаққуқи аҳдофи созмон ироа кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Жонг Минг, дабири кулли СҲШ ва ҳайати ҳамроҳи бо вай бар азму ҷиддияти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳузур ва нақшофаринии фаъолона дар СҲШ таъкид кард.
Амир Абдуллоҳиён дар идома изҳор кард: Бовари дорем, ки созмон дар тартиботи амниятӣ ва иқтисодии байналмилалии нав метавонад нақши муҳими ифо кунад ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятии пойдор кумак хоҳад кард.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон зарфиятҳои фаровони дар бахшҳои фанни, саноати, фановарӣ, гардишгарӣ ва фарҳангӣ дар ихтиёр дорад, ки метавонад дар ростои таҳаққуқи аҳдофи СҲШ онҳоро ироа кунад.
Жонг Минг, бадири кулли СҲШ низ дар ин дидор таъкид кард: Шубҳае вуҷуд надорад, ки ҳузури Эрон ба унвони яке аз кишварҳои қудратманд ва таъсиргузор дар минтақа ва ҷаҳон метавонад гоми муҳими дар таҳаққуқи аҳдофи созмон ва рушди равобити Эрон бо кишварҳои аъзо бошад.
Минг афзуд: Боварии комил дорам, ки таҷрубаи Эрон дар ру ба руи бо чолишҳои байналмилали метавонад барои аъзои созмон бисёр муфид бошад.