Дурахшиши Маҳдии Торимӣ дар Лигаи футболи Португалия
Муҳоҷими миллипӯши эронии бошгоҳи Портои Португалия бо дурахшиши худ мӯҷиби пирӯзии ин тим шуд .
Тими футболи Портои Португалия бо дурахшиши Меҳдии Торимӣ тавонист Эшторилро мағлуб кунад ва дар идомаи рақобати қаҳрамонӣ бо Бенфика боқӣ бимонад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дидори ду тим дируз ( ҷумъа ) баргузор шуд ки дар ниҳоят ин дидор бо бартарии 3 бар 2 ба суди Порто ба поён расид .
Ситораи эронии тими футболи Порто дар дақиқаи 69 дар ҳоле. ки бозӣ бо тасовии 2 бар 2 дар ҷараён буд вориди майдон шуд ва танҳо 2 дақиқа замон барои дурахшиши худ ниёз дошт .
Торимӣ ба зебоӣ бо тавонои болое, ки дорад тавонист дар муҳавватаи ҷарима аз мудофеъи ҳариф пеналтӣ бигирад ва худаш дар дақиқаи 73 ин зарбаи пеналтиро ба гол табдил кунад .
Торамӣ як бори дигар бо дурахшиш арзишҳои худро собит кард ва тавонист 3 имтиёзи арзишмандро барои Порто ба даст оварад .
Бо ин натиҷа Порто 57 имтиёзӣ шуду поинтар аз Бенфикаи 62 имтиёзӣ дар радаи дувум қарор гирифт то ҳамчунон умедҳои ин тим барои касби унвони қаҳрамонӣ зинда бимонад.