Март 13, 2023 10:19 Asia/Dushanbe
  • Суъуди тими футболи духтарони Эрон ба марҳилаи ниҳоии қаҳармонии Осиё
    Суъуди тими футболи духтарони Эрон ба марҳилаи ниҳоии қаҳармонии Осиё

Тими ҷавонони духтарони футболи Эрон, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё суъуд кард.

Марҳилаи муқаддимотии қаҳарамони футболи ҷавонони бонувони Осиё, дирӯз ( якшанбе)  бо баргузории дидори тими миллии Эрон ва Бангладеш пайгири шуд.

Ба гузориши Ирно, тими ҷавонони бонувони Эрон, ки дар гурӯҳи (H) қарор доранд, дар охарин бозии марҳилаи муқаддимоти тавонист тими Бангладеш минзбони ин гурӯҳро бо натиҷаи як бар сифр шикаст дод.

Нигин Зандӣ, дар дақиқаи 85 так голи Эронро ба самар расонд.

Дар поёни ин давр мусобиқот, тими ҷавонони бонувони Эрон бо ду пирӯзи баробари Бангладеш ва Туркманистон ба марҳилаи ниҳоии рақобатҳои қаҳрамони футболи ҷавонони бонувони Осиё суъуд карданд. Тими ҷавонони бонувони Эрон, Туркманистонро низ 7 бар 1 шикаст дод.

Барчасп