Март 13, 2023 14:32 Asia/Dushanbe
  • Вазир фарҳанги Эрон : Низомӣ барои мо, Тоҷикистон, Афғонистон ва Озарбойҷон ифтихор аст
    Вазир фарҳанги Эрон : Низомӣ барои мо, Тоҷикистон, Афғонистон ва Озарбойҷон ифтихор аст

Вазир фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гуфт: Мо даъвои ҷуғрофиёии сиёсӣ надорем ва Низомӣ барои мо ва аҳолии Озарбойҷон, Тоҷикистон, Афғонистон аз мафохири фарҳангии муштарак ба ҳисоб меояд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Муҳаммадмаҳди Исмоилӣ вазири фарҳанг ва иршод дар маросиме рӯзи бузургдошти мақоми Ҳаким Низомӣ, ки дар толори Ваҳдат баргузор шуд, вуҷӯд Ҳаким Низомӣ барои ҷомеъаи фарҳангӣ, адабӣ ва ҳунарии Эрон, ҳамонанди  гавҳаре дар пешонии таърих медурахшад.

Вазири фарҳангии Эрон пас аз қироати паёми раисиҷумҳӯр ба рӯзи  бузургдошти Ҳаким Низомӣ бо баёни ин, ки авлавияти раисиҷумҳӯри кишварамон ба масоили фарҳангӣ аст, гуфт: Нигоҳи Ҷумҳӯрии Исломи, нигоҳи тамаддунӣ аст ва дар ин ҳавза аз тамаддуни бузурге ба номи эронӣ фарҳангӣ бархурдор ҳастем, ки дороӣ марзҳои густарда бо шахсиятҳои фаровоне таъсиргузор аст.

Вай бо ишора ба ин, ки Мавлавӣ дар Балх ба дунё омад, дар Қуния рушд карда ва ҳамонҷо фавт кард аммо ҳамаи ашъорашро ба форсӣ гуфтааст. идома дод:  Мусаламан Мавлавӣ мутаълиқ ба эронӣ фарҳангии бузург аст ва ба як минтақаи сиёсии хосе таълуқ надорад. Мо даъвои ҷуғрофиёи сиёсӣ надорем ва Низомӣ барои мо ва аҳолии Озарбойҷон, Тоҷикистон. Афғонистон аз  мафохири фарҳангии муштарак ба ҳисоб меояд ва ин сабаби ваҳдати мо бо ин кишварҳои ҳавзаи тамаддунӣ аст. Марзи эронӣ фарҳангии бузург аз Чин то Осиёи Марказӣ ва Ғарби Осиё бо шахсиятҳои бисёр бузурги фарҳангӣ аст, ки ин масъалаи бузург ва аззамати фарҳангӣ ва таърихии  Эронро нишон медиҳад.

Исмоилӣ дар идома ба фаъолиятҳои Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ва даври ҷадид кард ва гуфт: Ба дунболи бозгашти Анҷумани мафохир ба рисолатҳои воқеъии он ҳастем ва дар яксад соли ахир  сохти  абнияҳои муҳим аз ҷумла Оромгоҳи Фирдавсӣ, Ибни Сино ва Ҳофиз тавассути Анҷумани мафохир анҷом шуда ва дар давраи ҷадид мехоҳем ин амрро дубора дар маъмуриятҳои Анҷуман таъриф кунем то ин Анҷуман беш аз пеш  дар танзими фарҳанги кишвар нақши асосӣ ва муҳиме ифо кунад.

Барчасп