Таъкиди Туркманистону Эрон бар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба
(last modified Tue, 14 Mar 2023 10:21:51 GMT )
Март 14, 2023 15:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Туркманистону Эрон бар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба

Сафири Эрон ва муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон дар бораи густариши равобити дуҷониба дидору гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ғуломаббос Арбобхолис-сафири Эрон дар Туркманистон дар дидор бо Меҳрӣ Бишимова- муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар бар тавсеаи ҳамкориҳои Теҳрон - Ашқобод дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ, экологӣ, энержӣ ва ҳамлу нақл таъкид кард.
Бар асоси ин гузориш ду тараф бар аҳамияти дидорҳои дуҷониба дар сатҳҳои олӣ ва ҳамчунин бар нақши ҳамкориҳои порлумонӣ дар тақвияти равобити ду кишвар таъкид карданд .
Равобити Эрону Туркманистон бо тавваҷуҳ ба рӯйкарди сиёсати хориҷии давлати сездаҳуми Эрон, ки аз он таҳти унвони сиёсати ҳамсоягӣ ёд мешавад, рӯ ба густариш аст ва сафари раиси ҷумҳурии Туркманистон ба Теҳрон ( июни 2022 ) ва дидор бо мақомоти олирутбаи Эрон нуқтаи сарнавиштсозе дар ин замина маҳсуб мешавад .
Дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳурии Туркманистон ба Эрон дар маҷмӯъ 13 санади ҳамкорӣ бо ҳузури Сардор Бердимуҳаммадов- раиси Ҷумҳурии Туркманистон ва Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба имзо расид .
 
Бештар бихонед :